Файзулло Ансорӣ
(1931-1980)

Шеърҳо -

ҲАЙКАЛ



Ленинободи муборакрӯз, рӯзат нек бод,
Ҳайкали зебои доҳӣ зеб дорад дар дилат.
Ленинободи муборакрӯз, рӯзат нек бод,
К-аз ҳамин номи дурахшон гашт хуррам манзилат.

Мевазад шаббодаи файзовар аз дарёи Сир,
Мевазад аз пояи ин ҳайкали маҳкам-асос.
Мевазад бо накҳати боғу баҳори дилпазир,
То расонад бӯи гулҳоро ба сад меҳру сипос.

Дар замири ту замоне корзоре будааст,
Ки зи ҳар як заррахокат руста садҳо қаҳрамон.
Дар дили Темурмаликат бурдборӣ будааст,
Кӯҳҳои гирду атрофи ту ҳаст аз вай нишон.

Зарби шамшери диловармард аз чанги муғул
Ин замини бостониро саросар пок кард.
Дар қадамгоҳи вай акнун мегузорам дастагул,
Сарзамини тоҷиконро шоду нусратнок кард.

Меравад дарё ба роҳи хеш бо мавҷи суруд,
Моравад, дар дил гирифта шеъру абёти Камол.
Мегузорад дар сари роҳаш замини зиндарӯд,
То Камол аз он бинӯшад оби сарде бемалол.

Ҳайкали маҳкамасоси доҳии кулли башар
Мекунад ҳоло ишорат ҷониби Боғи Камол.
Он қадар зебанда тобад боғ дар пеши назар,
Доҳии меҳнаткашонро ҳаст дар сар ин хаёл.

Рӯ ба рӯи боғи нусратбахш дарё меравад,
То ба ҳайкал як қадам роҳ аст аз болои он.
Рафтуомад то барои мухлисон осон шавад,
Сохтанд аз меҳр он ҷо кӯпрукро ғолибон.

Ҳар саҳар дарё ба шӯру ҳар саҳар дарё ба ҷӯш,
Бишнавад аз санги мармар нақшаҳои рӯзгор.
Дар канори рӯди Сир дорад дилам ҷӯшу хурӯш,
Ки дар ин ҷо ҳаст Ленин –
Ленини омӯзгор.

Мевазад шаббодаи файзовар аз дарёи Сир,
Мевазад аз пояи ин ҳайкали маҳкам-асос.
Мевазад бо накҳати боғу баҳори дилпазир,
То расонад бӯи гулҳоро ба сад меҳру сипос...


« Бозгашт | МУНДАРИҶА | Идома »