Файзулло Ансорӣ
(1931-1980)

Шеърҳо -

АҚЛУ ИДРОКИ ЗАМОН



Дар табиат торҳои ноаёни ишқи мост,
К-он ба фардои табиат нағмахонӣ мекунад.
Дар табиат торҳои ноаёни ишқи мост, –
Бо суруди олами нав зиндагонӣ мекунад.

Ҳар саҳар аз даҳри маъно мебарояд офтоб,
То шуои хешро пошад ба анфоси замин.
Нури оламгири дунё сабт гардад дар китоб
Бо хати заррину ақли поку идроки Ленин.

Кӯҳсорон махзани оби ҳидоят оваранд,
Чархи садҳо ГЭС-ро гардондаанд аз зӯри худ.
Навбаҳорон аз гулу себарга лаззат мебаранд,
Ғояҳои амниятро карда пур аз нури худ.

Меҳри Ленин ҷой дорад дар замири асри бист,
К-аз сафои он барояд офтоби рӯзгор.
Нест дар боби китоби дил назири асри бист,
Рӯзи тавлиди даҳо омад ба фасли навбаҳор.

Ҷашнҳову идҳо оғоз меёбанд аз он –
Аз маҳи апрел оро ёфт иди Инқилоб.
Марксизм-ленинизм – ақлу идроки замон,
Офтоб аст, офтоб аст, офтоб аст, офтоб…

Марксизм-ленинизм – ибтидои асри нав,
Аз ҳақиқат сар намепечад ба дунёи дигар.
Ғояҳои Ленин ояд аз бақои асри нав,
Дар китоби Коммунизм ҳаст он боби зафар.


МУНДАРИҶА | Идома »