Файзулло Ансорӣ
(1931-1980)

Шеърҳо -

НАМОЯМ БО ГУЛУ СЕБАРГА СӮҲБАТ



Сухан мегӯям аз райҳону садбарг,
Сухан мегӯям аз гулҳои водӣ.
Сухан гӯям зи ҳусни боғу гулшан
Ба меҳри беканору эътимоде.

Намоям бо гулу себарга сӯҳбат,
Сухан гӯям ба гӯши мавҷи дарё.
Ба оҳанги басо шӯхи муҳаббат
Бигӯям ҳарфи нек аз дашту саҳро.

Бароям бар сари кӯҳи диёрам,
Зи рӯи тахтасангаш нома хонам.
Дар он ҷо нақши пои худ гузорам,
Ки бори дигаре дидан тавонам.

Гузар бинмоям аз деҳе ба деҳе,
Бубинам одамони некро беш.
Кушоям аз дили худ ман гиреҳе
Ба назди дӯстону дилбари хеш.

Куҷое рафта бо ёрон нишинам,
Забонамро дарорам ман ба гуфтор.
Туфайли чашм дунёро бубинам,
Туфайли гӯши худ фаҳмам гапи ёр.

Намехоҳам забонам лол бошад,
Намехоҳам, ки бошад гӯши ман кар.
Ҳамон кас шахси хушиқбол бошад,
Ки донад вай забони халқу кишвар.

Забонҳо дар ҷаҳон бисёр, бисёр,
Насиби ман шуда тоҷикзабонӣ.
Варо омӯхт бар ман моми ғамхор
Зи гаҳвора ба лутфу меҳрубонӣ.

Забонамро аз ин рӯ дӯст дорам,
Намехоҳам ба модар бевафоӣ.
Барои тозагиаш ҷон супорам,
Намехоҳам дар он ҳарфи хатое.

Сухан мегӯям аз райҳону савсан,
Сухан мегӯям аз садбарги водӣ.
Сухан гӯям зи ҳусни боғу гулшан
Ба меҳри беканору эътимоде.

Намоям бо гулу себарга сӯҳбат
Ба тоҷикӣ –
Забони модариам.
Забони модарӣ,
Ҳусни муҳаббат,
Ту бахту шодкомӣ овариам...


« Бозгашт | МУНДАРИҶА | Идома »