Файзулло Ансорӣ
(1931-1980)

Шеърҳо -

ЛОЛ ДАР НАЗДАТ ЗАБОНИ ҲИССИЁТ



Духтари Фарғона, дар ҷоми баҳор
Шарбати меҳру вафо мебахшамат.
Бо суруди пурсафои кӯҳсор
Ман баҳори пурсафо мебахшамат.

Духтари Фарғона, субҳи рӯи ту
Чун шафақ тобанда дар чашмони ман.
Сурмаосо чашми ту, абрӯи ту
Ҷо гирифта аз дили ман, ҷони ман.

Духтари Фарғона, эъҷози ҳаёт,
Аз табиат ҳуснро бистондаӣ.
Лол дар наздат забони ҳиссиёт,
Олами идрок дар худ хондаӣ.

Ҳар макон фахрад ба маҳрӯёни хеш,
Ҳар диёреро баҳори хос ҳаст.
Дар Самарқанду Бухорои биҳишт
Сад ҳазорон пораи алмос ҳаст.

Лек ҳоло дар назаргоҳи хаёл,
Духтари Фарғона, чашму рӯи туст.
Бар машоми шоири ошуфтаҳол
Бӯи боғи туст, бӯи кӯи туст.

Ёдам орӣ духтари Дарвозро,
Қомати мавзун аз он дуздидаӣ?
Лутфу эҳсони ҷаҳонпардозро
Аз ҳавои он макон дуздидаӣ?

Не... хато гуфтам, маро маъзур дор,
Мешавад дар зиндагонӣ иштибоҳ.
Водии Фарғонаи шӯҳратшиор
Бигзаронд аз синаи ман хатти роҳ.

Хубрӯён, хубрӯёни ҷаҳон
Дар мақоми хеш доранд имтиёз.
Офтоби сидқ бодо ҷовидон
Дар баҳористони бахти бениёз.

Духтари Фарғона, дар ҷоми баҳор
Шарбати меҳру вафо бахшидамат.
Бо суруди пурсафои кӯҳсор
Сад баҳори пурсафо бахшидамат.


« Бозгашт | МУНДАРИҶА | Идома »