Файзулло Ансорӣ
(1931-1980)

Сарвати дил - Ш Е Ъ Р Ҳ О

НАЗДИ ТУ ОМАДАМ



Оғӯши гарми худ кушо, эй кӯҳсори ман,
Оғози роҳи зиндагӣ, оғози кори ман.
Аз туст шодии дилу авҷу барори ман,
Назди ту омадам!

Рафтам ман аз канори ту,
Дар сар ҳавои шаҳр,
Бо меҳри ту шунидаам савту навои шаҳр,
Дидам зи ҳусни рӯи ту – ҳусни расои шаҳр,
Дар ҷони ман будӣ!

Пазмон шудам ба деҳае, к-он дар канори туст,
Ин қадр софу дилфиреб ин навбаҳори туст,
Савганд, ҳастии дилам дар ихтиёри туст,
Пазмон шудам ба ту!

Ман омадам ба назди ту бо шавқи бемисол,
Чун хурд рафтам, омадам дарёфта камол,
То бишнавам суруди ту аз ишқи безавол
Дар савти шаршара!

Ҳар гоҳ бо хаёли ту афтода-хестам,
Будам ҳамеша дар барат – ҳар ҷо ки зистам,
Ман бевафо набудаму бад-аҳд нестам,
Бовар намо ба ман!

Оғози роҳи зиндагӣ, ишқу баҳори ман,
Аз туст шодии дилу авҷу барори ман,
Оғӯши гарми худ кушо, эй кӯҳсори ман,
Бар пешвози дил!




« Бозгашт | МУНДАРИҶА | Идома »