Файзулло Ансорӣ
(1931-1980)

Сарвати дил - Ш Е Ъ Р Ҳ О

МАНУ ТУ ЯК НИҲОЛЕМ...



Ману ту як ниҳолем, – аз ду боғем,
Ки пайвандида моро боғбонон.
Агар нурем – нури як чароғем,
Ба як сим нагардад хона рахшон!..

Ду шохоби яке дарёча ҳастем,
Ва ё ду резасанги кӯҳсорем.
Ту мегуфтӣ, ки: "мо ду зоча ҳастем!"
Биё, он рӯзҳоро ёд орем...

...Зи коғаз бар ту мекардам кабӯтар,
Ки мепаррондӣ аз боме ба боме.
Шуда сарф ончунон бисёр дафтар,
Ки буд он бозии мо некномӣ.

Гаҳе ранҷида мерафтем мо дур,
Валекин зуд он аз ёд мерафт.
Ба ман медӯхтӣ чашмони пурнур,
Ҳамоно қаҳри ман барбод мерафт.

Ба фаҳми ғам намерафтем зинҳор,
Гумони мо, ки дунё буд он деҳ.
Падарҳо, модарони неку ғамхор
Намедоданд моро ҳеҷ танбеҳ.

Чунин мерафт рӯзе аз паи рӯз,
Намебурдем мову ту аз он пай...
Валекин як саҳар дар савти дилсӯз
Ба гӯш омад зи боло нолаи най.

Зи боло – хонаи чӯпони деҳа,
Садои ҷонгудози най баромад.
Ҳама, хурду калон – мардони деҳа
Ба назди мактаби моён фаромад.

Фақат гуфтандамон: Оғози ҷанг аст,
Хиёнат карда деви хонумонсӯз...
Падарҷон тӯшае бар роҳ мебаст,
Ки ёдам то қиёмат монда он рӯз...

Яке баргашта омад... дигаре не,
Маро аз деҳа бигрифтанду бурданд.
Фитод он рӯз байни мо ҷудоӣ, –
Ба интернат маро он дам супурданд.

Ватан бигрифт дар тарбияти худ
Тамоми кӯдакони бепадарро...
Мудомам чеҳраат пеши назар буд,
Намудам ид бо ту ман зафарро!

Хаёлан дидамат, ки шод ҳастӣ,
Туро омад падар, якдаста омад.
Чунин ҳам омад ӯ, аз ҷон парастӣ,
Ки душманро ба гӯраш хаста омад...

...Бирафт аз байн моҳу соли бисёр,
Маро дар сар кунун мӯи сафед аст.
Аз ин ҷо буданат гаштам хабардор,
Ки бар васлат даруни дил умед аст.

Маро бе ту лаби дарёчае нест,
Намехонам ба ту "афсона"-и ишқ.
Дили ман дар канори зочае нест,
Ман аз коғаз насозам хонаи ишқ!

Туро пайдо намудан орзу буд,
Ки бо ту бигзарам роҳи ҳаётам.
Ҳама ташвишҳоям пушти сар шуд, –
Надорад интиҳое ҳиссиётам.

Чу донистам: маро дар ҷустуҷӯӣ,
Қасам, ки хешро гум кардам андак,
Ту ҳам унвон гирифтӣ, – ин чӣ тӯе!
Буд, охир, ибтидои роҳамон як!..

Ману ту як ниҳолем, аз ду боғем,
Шакарпайванду беғаш як ниҳоле...
Кунун нурем, – нури як чароғем,
Расид акнун замони баркамолӣ!




« Бозгашт | МУНДАРИҶА | Идома »