Файзулло Ансорӣ
(1931-1980)

Сарвати дил - Ш Е Ъ Р Ҳ О

ТУ БЕАНДОЗА БАҲРИ МАН АЗИЗӢ



Биё, то садқаи номат шавам ман,
Ҳаётамро сари роҳат гузорам.
Биё, қурбони пайғомат шавам ман,
Ки бар ту бениҳоят интизорам.

Ту беандоза баҳри ман азизӣ,
Намехоҳам, ки бе ту ҳарф гӯям.
Маро сӯзию дар гирдоб резӣ,
Равам бо мавҷу дар саҳро бирӯям.

Бирӯям ман ба шакли лола боре,
Валекин лола дар дил доғ дорад.
Намехоҳам, маро дар раҳгузоре
Касе бинад, сияҳдил то шуморад.

Магар чун савсане бархезам аз хок,
Писанд оям ба ранги дилбарона?
Худат медонӣ, ки дар зери афлок
Гирифта ном савсан садзабона!

Табиат як забон бар ман ато кард,
Ки танҳо ҳарфи ҳақро ман бигӯям.
Агарчанде ки ҷонам мекунад дард,
Ба шакли савсан, алҳақ, ман нарӯям.

Магар ҳамчун бунафша сар барорам,
Бунафша – қосиди фасли баҳорон?
Ман онро ҳар қадар ки дӯст дорам,
Намехоҳам шавам дар сурати он.

Гули зардак ба зери барф раста,
Кашад бар роҳи наврӯз интизорӣ.
Дили барф ончунон ман ҳам шикаста
Бароям бо умеди навбаҳоре?!

Гирифта кӯдакони поку маъсум
Бигардонанд аз кӯе ба кӯям,
Ба истиқболи ман оянд мардум,
Бибардоранд боло обрӯям!?.

Надонам, дар кадомин шакли дилкаш
Ба чашми одамони нек тобам.
Фақат хоҳам, ки бошам софу беғаш,
Барои ин туро ҳамвора кобам!

Биё, то садқаи номат шавам ман,
Ҳаётамро сари роҳат гузорам.
Биё, қурбони пайғомат шавам ман,
Намо лутфею шав дар ихтиёрам...

Тамоми ҳастиам вобаста бо туст,
Биё, илҳоми беғаш, зудтар ой!
Суруди бахти ман вобаста бо туст,
Биёву синаамро нек орой.

Ту беандоза баҳри маи азизӣ,
Намехоҳам, ки бе ту ҳарф гӯям,
Маро сӯзию дар гирдоб резӣ,
Равам бо мавҷу
Дар дилҳо бирӯям!

Ялта, 1966




« Бозгашт | МУНДАРИҶА | Идома »