Файзулло Ансорӣ
(1931-1980)

Сарвати дил - Ш Е Ъ Р Ҳ О

МОНАНДИ САҲАР ОЙ...




Монанди саҳар ой ту бар манзили ошиқ,
Шоми ғаму андӯҳ бубар аз дили ошиқ.
Ман соҳиламу ташналабам, оби ҳаётам,
Боре гузари нек кун аз соҳили ошиқ!


То мавҷи хурӯшони ту дар чанги ман ояд,
Аз он ба замин гулшани хушранги ман ояд.
Ҳар бор, ки як тор зи мӯи ту навозам,
Сад нағмаи ҷонбахш бар оҳанги ман ояд.


Шакле, ки дар оинаи айём накӯ тофт,
Дар олами мавҷуда ягон ҳарза намебофт.
Ин буд, ки оина мусаффош нишон дод,
Ин буд, ки ӯ шӯҳрати шоиста ба худ ёфт.


Фарзанди ҳамин давру замонем, азизам,
Хоҳони гулему на хазонем, азизам.
Боди ғаразе гар бивазад ҷониби ин кӯй,
Ҷонро сипаре карда намонем, азизам!


Дар лутфи ту ман шодии айём бубинам,
Аз хандаи беҷирми ту ман ком бубинам.
Ҳар як нигаҳат оташи сӯзони дили ман,
Хоҳам, ҳамаи умр накӯном бубинам.


Монанди саҳар ой ту бар манзили ошиқ,
Шоми ғаму андӯҳ бубар аз дили ошиқ.
Ман соҳиламу ташналабам, ёди ту дорам,
Боре гузари нек кун аз соҳили ошиқ!




« Бозгашт | МУНДАРИҶА | Идома »