Файзулло Ансорӣ
(1931-1980)

Сарвати дил - Ш Е Ъ Р Ҳ О

ДАР ХОҶАОБИГАРМ…



Дар Хоҷаобигарм замин гарму об гарм,
Ин хоку об баҳри даво беҳисоб гарм.
Аз ҳар канор омада ин ҷо бародарон,
Як сӯ савол гарму зи як сӯ ҷавоб гарм.

Меҳру вафою шодии дил, оташи вуҷуд,
Нозу итоби ёру зи дилдодагон дуруд,
Ҳам он ҳарорате, ки ба ҷон ояд аз суруд,
Дар ин макони гарм зи ҳар офтоб гарм!

Вақте нигоҳ мекунӣ бар ҳусну ранги кӯҳ,
Вақте назора мекунӣ бар резасанги кӯҳ,
Наззорае ба рӯди басо шӯхшанги кӯҳ,
Гардад дилат, бошад агар ҳам яхоб, гарм.

Ман аз ҳаво ин суханонро набофтам,
Ё баҳри ту ҳарфи дурӯғе накофтам,
Дидам ба чашми хешу ба гуфтан шитофтам,
Ин ҷо тамоми аҳду вафо, изтироб гарм.

Бар ҷисму ҷони хаста шифо бахшад ин макон,
Бар дидаҳои хира зиё бахшад ин макон,
Хурсандию умри бақо бахшад ин макон,
Зеро ба ҷон медиҳадат обутоб гарм!




« Бозгашт | МУНДАРИҶА | Идома »