ЯК ҶӮРАИ МО БУД ҶАВОНИ ШАРМИН
Як ҷӯраи мо буд ҷавони шармин,
Аз духтаракон фақат гурезон мешуд.
Ҳар ҷо, ки сухан зи духтарон гар мерафт,
З-он давра ҳамеша мебаромад ӯ зуд.
Ногаҳ ба сараш фитод ишқи ёре,
Ишқи гули тозаи баҳори даврон.
Чун буд дугона бо хоҳараш ӯ,
Коре бинамуда, ошно шуд бо он.
Бе хоҳараш ӯ, ҳамраҳи маҳбубаи худ
Ҳаргиз намерафт, аҷаб, бар кино.
Мехост аз ин кор касе пай набарад,
Донад худашу хоҳараш – инро танҳо.
Рӯзе сари раҳ билет оварду вале
Дар хона набуд хоҳараш, шуд ҳайрон.
Омад ба қароре, ки худаш баҳри хабар
Бояд биравад ба ҳавлии ёри ҷон...
Оҳиста дари хонаи онҳоро кӯфт,
Аммо дилаш, аз чӣ буд, якбора тапид.
"Гар модараш ояд, чӣ бигӯям бар ӯ",
Афтода дар ин хаёл, хеле тарсид.
Дарро бикушод ногаҳон модару гуфт:
–Хизмат, писарам!
–Духтаратон дар ин ҷост?
Нотоб бишуд дугонааш – хоҳари ман,
Бар хонаи мо рафтани ин касро хост!
– Ҳай-ҳай, чӣ баҳонае намудед, писар,
Дар хонаи мо хоҳаратон кайҳо боз... –
Хандид баланд аз сухани ӯ модар,
Хомӯш буд он, намебаровард овоз.