ИШҚ ДАР ДИЛ МЕШАВАД Ё ДАР ЗАБОН!
Муддате шуд, ки хамӯшӣ пешаам,
Аз муҳаббат ҳеҷ накшодам даҳон.
Таъна бишнидам...
Дар ин андешаам:
Ишқ дар дил мешавад ё дар забон?
"Дӯст медорам, намегӯӣ" – нагӯй.
Охир, ин ҷабр аст баҳри ҷисму ҷон,
Безабонам назди ту, эй моҳрӯй...
Ишқ дар дил мешавад ё дар забон?
Рӯ ба рӯят менишастам бе сухан,
Чашми ман мекард ҳоламро баён.
Лек рафтӣ пай набурда ҳоли ман,
Ишқ дар дил мешавад ё дар забон?
...Хотирам ошуфту аз ҷо хестам,
Раҳ гирифтам ҷониби наҳри калон...
Ман агар ошиқ набошам, кистам?
Ишқ дар дил мешавад ё дар забон?