Файзулло Ансорӣ
(1931-1980)

Сарвати дил - Ш Е Ъ Р Ҳ О

АКСИ ҲУСН



Осмон ҳамранги уқёнус, лекин дар баҳор
Акси ҳусн аз дашту водиҳои мо бигрифтааст,
Доғи рӯи моҳ ҳам аксест – акси кӯҳсор,
Шояд аз Помири дил – орои мо бигрифтааст!?

Дар шаби беабр ҳар як кавкаби тобандаро –
Ман гумон дорам, ки акси лампаҳои иличист.
Шубҳа нанмоед, мебахшед боре бандаро,
Ҳар куҷо бошад ҳақиқат – ҳеҷ ҷои шубҳа нест!

Шаб расиду бо хаёл аз хона берун омадам,
Дар лаби дарёи Душанбе нишастам то саҳар.
Рози дилро ман ба ҳар як мавҷи печонаш задам,
Ки Ҳисору боғҳояш шуд ба чашмам ҷилвагар.

Ғарқи кори фасли наврӯз аст водии Ҳисор,
Шӯҳрати номаш аз ин дарёи мо бигрифтааст...
Осмон ҳамранги уқёнус, лекин дар баҳор
Акси ҳусн аз дашту водиҳои мо бигрифтааст!




« Бозгашт | МУНДАРИҶА | Идома »