ДОДАМ САЛОМ БАР ТУВУ ОН БЕҶАВОБ МОНД
Бо фикру бо хаёли ту аз дида хоб монд,
Дил бо ту рафту хотири ман дар азоб монд.
Дар ҷустуҷӯи дил шуда, як рӯз бо умед
Додам салом бар туву он беҷавоб монд.
Соле гузашту сохта шуд сад бинои нав,
Ҳам кӯчаҳои дилкашу ҳам растаҳои нав,
Ҳар дам ҳазор шодии беинтиҳои нав, –
Танҳо бинои табъи дили ман хароб монд.
Оё дар ин русуму итоби ту ҳаст сеҳр?
Ҷоно, бидеҳ ҷавоби саволам зи рӯи меҳр!
"Дилро ба дил раҳест дар ин гунбази сипеҳр",
Дар ҳайратам, кн аз ту фақат як итоб монд.
Вақте саломи додаи ман беҷавоб шуд,
Он дил, ки рафт назди ту, ҳатман китоб шуд.
Аз рӯи лутф зан варақаш, – беҳисоб шуд,
То кас нагӯяд ин, ки дилаш дар китоб монд!
1957