Файзулло Ансорӣ
(1931-1980)

Сарвати дил - Ш Е Ъ Р Ҳ О

ДӮСТ



Он кас, ки шарики ғаму шодии ту бошад,
Бо ту ҳамаи умр вафодор бимонад.
Бар дидаи камнури ту ӯ нур бипошад,
Бар дарди ту дармон шуда, дармон бирасонад.

Аз номи баланди ту агар фахр намояд,
Ин фахри самимонаи ёрони киромист.
Аммо ба касе, ё ба ту з-он лаб накушояд,
Зеро фараҳу фахри дили дӯст ниҳонист.

Дар дасти ту бошад амале, кор надорад,
Аз пушти амалдории ту он нахурӯшад.
Лекин дами сахтии ту – дар ғам нагузорад,
Бар нархи ту бидҳанд ҷаҳонро, нафурӯшад.

Хушбахтии одам на ба молу амалу ном,
Хушбахт ҳамон кас, ки варо ҳаст чунин дӯст.
Бигзор, набинад ғаму андӯҳ дар айём
Он модари ғамхор, ки зодаст чунин дӯст!
1957






« Бозгашт | МУНДАРИҶА | Идома »