БУД ДАР ОН РӮЗҲО АМРИ ВАТАН
Хонадоне нест дар ин сарзамин,
Ки надонад кулфату андӯҳи ҷанг.
Дар ҳамон ҷаҳду талоши оташин
Резасанги кӯҳ шуд тиру туфанг.
Дур мо будем аз хатти фронт,
Орзӯи фатҳ мекардем мо.
Ҳар касе афтод ё ки зинда монд, –
Пеши чашми хеш овардем мо!
Деҳаи ман – деҳаи хурд аст, лек
Буд бо фарзандҳои худ калон.
Дар ғаму шодии онҳо шуд шарик,
Бо умеди субҳи фардои ҷаҳон.
Кӯдакон будем, дилҳо хаста буд
Дар ғами бобо,
Бародар,
Ҳам падар.
Риштае моро ба ҳам пайваста буд,
Ки ҳама будем хоҳони Зафар!
Ризқи мо буд аз гиёҳи кӯҳсор,
Чашм дар роҳи падар мезистем.
Пай намебурдем фасли навбаҳор,
Чунки бо фикри зафар мезистем!..
Мо кунун он кӯдакони дина не,
Отаю бобои мо карданд фатҳ.
Рӯзҳои мо ҳам он дерина не, –
Мо фалакро мекунем имрӯз мадҳ!
Ҳар яке гӯяд сухан аз Коинот,
Орзуи ҳар яке парвози дур.
Чун падарҳо ҳифз карданд ин ҳаёт,
Нур омад,
Нур омад,
Боз нур!
Хонадоне нест дар ин сарзамин,
Ки надонад кулфату андӯҳи ҷанг.
Дар ҳамон ҷаҳду талоши оташин
Резасанги кӯҳ шуд тиру туфанг.
Буд дар қишлоқи мо Боболатиф,
Ибрати мардони некӯном буд.
Хастагие дошту буд он заиф,
Ки писарҳо ҷои худ роҳӣ намуд.
Беш не, кам не, бародар, шаш нафар
Баҳри ҳифзи мамлакат роҳӣ шуданд.
Се нафар буданд кайҳо худ падар,
Се нафарро буд танҳо пой банд...
Шаш нафар рафтанд аз як хонадон,
Сад нафар рафтанд аз қишлоқи ман.
Буд дар он рӯзҳо амри замон,
Буд дар он рӯзҳо амри Ватан!
Деҳаи ман деҳаи хурд аст, лек
Буд бо фарзандҳои худ калон.
Дар ғаму шодии онҳо шуд шарик,
Бо умеди субҳи фардои ҷаҳон.
Ҳаст дар қишлоқи мо Боболатиф,
Ибрати пирони некӯном ӯст.
Пир, аммо нест акнун ӯ заиф,
Мардуми қишлоқ медоранд дӯст.
Лозим ояд – дастёрӣ мекунанд,
Нест шахсе, ки биранҷонад варо.
Хотирашро посдорӣ мекунанд,
Кас напурсад аз касе, ки:
"Ин чаро?"
Шаш нафарро дод дар ҷанги шадид,
Шаш писар, шаш марди поки рӯзгор...
Рӯзи иди Армия, рӯзи саид –
Мо ҳама ҳастем ӯро дастёр!
Дар тамоми корҳои баъди ҷанг
Ҳиссаи ин мӯсафед нек ҳаст.
Кӯдаконаш баски дар ҳифзи Ватан
Номи кӯҳистон набинмуданд паст...
Офарин бар мардуми бебоки мо,
Офарин бар лашкари нусратшиор!
Пок бодо, пок доим хоки мо,
Ифтихору шӯҳрати боғу баҳор.
Хонадоне нест дар ин сарзамин,
Ки надонад кулфату андӯҳи ҷанг.
Дар ҳамон ҷаҳду талоши оташин
Резасанги кӯҳ шуд тиру туфанг!