Файзулло Ансорӣ
(1931-1980)

Сарвати дил - Ш Е Ъ Р Ҳ О

ПИРИ ҶАҲОННОДИДАВУ КИНО



Дар доманаи кӯҳ яке шаҳр бино ёфт,
Шаҳри сара – бо мадрасаву қасру манораш.
Шаҳзода сари аспи худ он сӯй ҳаметофт,
То сурати дилдор бубинад ба канораш.

Пире зи дили кӯҳ бар он манзара омад,
Ҳайрон бишуду нохуни ҳайрат бигазид он.
Дар доманаи кӯҳ магар буд қиёмат?!.
Пири сафарӣ гашт аз ин ҳол парешон.

Мегуфт даруни дили худ:
"Ин чӣ балоест?
Ин қасру биноҳои ягон шоҳу вазир аст?
Таърих дигаргуна шуд оё?
Чӣ хатоест!?
Ҳай-ҳай, чӣ хатоест...
Хатое, ки кабир аст!"

Он пири ҷаҳоннодида ин диду барошуфт,
Бар фикр фурӯ рафт, ки:
Хоб аст?
Хаёл аст?
Бахте, ки ба мо дод замон, рафт магар муфт?
Шоҳону вазирон бирасиданд?
Чӣ ҳол аст?!.

Аз ҳолати он пир хабар ёфта як мард,
Худро бирасонид ҳамоно ба бари он.
Гуфт: Эй падар, ин коху биноҳои ба ҷон дард –
Афсонаи бигзашта...
Нашав ҳеҷ ту ҳайрон!

Шаҳзода, ки дидӣ ту, –
Вай артист Ғулом аст,
Фарзанди калонии писархонди худи туст.
Он аспсавори дигарӣ – Абдусалом аст,
Дар нақши ҷавонмарди фидокору ватандӯст.

Пири зи дили кӯҳ фурудомада хомӯш...
Аз қасру биноҳо назари хеш намеканд.
Бигрифта варо шубҳаи бисёр дар оғӯш, –
Дар домани кӯҳсор чу медид "Самарқанд".

Ногоҳ танаффус шуду "Шаҳзода"-и хандон
Аз давра бурун гашта,
Бар он сӯй биёмад.
Бобои худ ӯ дида дар он ҳоли парешон,
Аз аспи сияҳмушки худаш ҷаста фаромад.

Он пир магар буд ягон ҳайкали сангин,
Аз ҷой наҷунбидаву хомӯш биистод.
Бишнохт ба ҳар ҳол дар он ҷомаи рангин
Фарзанди худашрову чӣ хандида фиристод!..

"Кинои ту ин аст магар, – гуфт, – Ғуломам?
Охир, ту маро пештар огоҳ накардӣ...
Ман пири ҷаҳоннодидае ҳастаму хомам,
Дилкаф нашудам,
Рост, ки ин ҷуръати мардӣ!"

Дар соддагии пир дили пок бидиданд,
К-аз тарси шаҳу тахт дилаш мекафид, – ин рост.
Он лаҳза ба як лентаи кино бикашиданд,
То мову ту фаҳмем, ки он пир чӣ мехост?!

Дар доманаи кӯҳ яке шаҳр бино ёфт,
Шаҳрест, ки бо мадрасаву қасру манораш.
Пире зи дили кӯҳ фуруд омаду
Рӯ тофт...
Аммо зи сир огаҳ шуду хандид ба кораш...

Шаҳзода, ки ӯ дид, – вай артист Ғулом аст,
Фарзанди калонии писархонди худи ӯст.
Он аспсавори дигарӣ – Абдусалом аст,
Дар нақши ҷавонмарди фидокору ватандӯст!



« Бозгашт | МУНДАРИҶА | Идома »