ШАБИ ЗЕБО БА ДОМАНИ ШАҲР АСТ
Дар фазо як ситора метобад,
Акси он дар миёнаи наҳр аст.
Ёр дар хонааш чӣ мехобад?..
Шаби зебо ба домани шахр аст.
Домани шаҳру наҳри зебое,
Тарки хобат намой, дилбари ман.
Аз дари манзилат бурун ой,
Раҳ бипурс аз ситораи равшан.
Ҳардуи мо шинос мебошем,
Ошнои шабони бехобӣ.
Хабарамро бипурс аз он доим,
Роҳро гар ба сӯи ман кобӣ...
Ёр дар хонааш чӣ мехобад?
Сайри бе вай барои ман заҳр аст...
Дар фазо як ситора метобад,
Акси он дар миёнаи наҳр аст!