Файзулло Ансорӣ
(1931-1980)

Сарвати дил - Ш Е Ъ Р Ҳ О

ДУХТАРИ ӮЗБЕКУ ТОҶИК ЗУЛФИЯ

Ба шоираи халқии Ӯзбекистон Зулфия бахшида мешавад.


Аз дили шаб субҳи нав омад падид,
Сар кашад ҳар гул ба сӯи офтоб.
Шавқи ман бар ҷониби гулшан давид,
То намояд дастаи гул интихоб...

Мардуми Шарқему моро одатест –
Дар қудуми дӯст афшонем ҷон.
Ҷону танро аз фараҳ ором нест, –
Меҳмон ояд агар бар хонадон.

Мардуми Шарқему меҳмонпарварем,
Ҳастии худро ба меҳмон медиҳем.
Ханда бинмояд – ҳаловат мебарем,
Лозимаш ояд агар – ҷон медиҳем.

Ҳар яке аз мо бувад фарзанддӯст,
Хонаи бетифл бар мо кай писанд?
Тоҷики хушгил намеғунҷад ба пӯст, –
Дӯстонашро бубинад сарбаланд.

Кӯдакон чун субҳ тавлид мешаванд,
Хонаи холии мо пур мешавад.
Кӯдакон чун субҳ тавлид мешаванд,
Ки аз онон
Роҳамон нур мешавад!

Мардуми Шарқему дорад ҳар падар
Орзӯву матлаби пинҳони дил:
Хонааш танҳо шавад пур аз писар,
Мешавад аз номи духтар вай хиҷил.

Дӯстону ҷӯраҳо ҳам ҳеҷ гоҳ
Як намегӯянд: "Духтардор шав!"
Гар чунин гӯяд касе бо иштибоҳ,
Ҳарфи талхи он падарро пас шунав!

Ин хатои оламу одам-дия,
Кист он?..
Фарзанд бошад, муддаост.
Духтари ӯзбеку тоҷик Зулфия –
Руҳу илҳоми дили Зебуннисост!

Вай на танҳо духтари модар-падар,
Духтари халқи зафарёб аст ӯ.
Ифтихори миллати соҳибҳунар,
Ифтихори мардуми кор аст ӯ.

Гаштааст ӯ лоиқи сад эҳтиром,
Ҳимматаш ҷуз меҳнати мардона нест...
Узр мехоҳам ман аз Қутбӣ Киром, –
Хонаи бе духтар, охир, хона нест!..

Ин қадар ҳам хуб духтар доштан,
Духтаре, ки роҳи халқаш – роҳи ӯст.
Зулфия, эй булбули боғи Ватан,
Тоҷикон аз ҷон туро доранд дӯст!



« Бозгашт | МУНДАРИҶА | Идома »