Файзулло Ансорӣ
(1931-1980)

Сарвати дил - Ш Е Ъ Р Ҳ О

САЛОМ, УСТОД!

Ба устод Боқӣ Раҳимзода


Салом, устод!
Устоди азизам,
Шумо маҳбуби ҳар як навҷавонед.
Ба ҳар як роҳатон сад гул бирезам,
Ки мо ҷисмему бар он ҷисм ҷонед!

Салом, устод!
Эй "пири" хирадманд,
Ба роҳи бахтамон оғоз додед.
Шумо бо як нигаҳ додед сад панд,
Ба ҳар як сатрамон парвоз додед.

Салом, устод!
Охир, ҳастии мо
Зи ҳастии Шумо овоза бардошт.
Муҳаббатдорию дилбастии мо
Зи меҳри покатон доим зафар дошт.

Салом, устод!
Шогирдонатон нек,
Ниҳонӣ дӯст медоранд ҳар як.
Намегӯянду меболанд...
Тоҷик
Чунин як одате дорад,
Ки бешак...

Салом, устод!
Софу беғаш устод,
Ҳамеша аз Шумо мо қарз дорем.
Дили шаффофатон доим қавӣ бод,
Ки онро мо муқаддас мешуморем.

Барои он,
Ки дар он кинае нест,
Фақат дар вай – ғами шогирдҳо ҳаст.
Мисоли он ба даҳр оинае нест,
Ки мехоҳем бинад вай дусад шаст!

Қадам монед агар аз кӯчабоғе
Ба истиқболатон борад ҳама нур,
Шумо дар ҷони мо равшан чароғе,
Шакаргуфтор, байни халқ машҳур!

Шумо соқии беамсол ҳастед,
Ки садҳо тӯйро додед оро.
Дили сад навгуле бар ҳам бубастед,
ПСаъю кӯшиш баҳри мо оин буbrвад!адар донанд онҳо ҳам Шуморо!

Муаллим!
Дар шукӯҳи рӯзгорон
Шумо доред саҳми беназире.
Зи оби руду боди кӯҳсорон
Гирифтед ин қадар равшанзамирӣ!

Шуморо гар зи мавҷи об пурсам,
Бигӯяд, ки: "Бале, бо ӯ шиносам".
Агар аз меҳри оламтоб пурсам,
Бихандад, ки "Бидор андак сипосам!..

Диёри тоҷикон фахрад аз он мард, –
Надонистан варо оё тавонам? –
Басо кам дидаам ин сон ҷавонмард,
Суруди ӯст доим дар забонам!".

Шумо бисёр марди нек, устод,
Ки дар ҳар кӯ Шуморо интизоранд.
Даме таъхир бинмоед, устод,
Дар он маҷлис Шуморо кам шуморанд!

Ҳамон фарзанди халқ арзанда бошад,
Ки дар ҳар кӯй роҳашро бипоянд...
Ба он раҳ меҳри олам нур пошад,
Шуморо ҳар куҷо ҳурмат намоянд!

Салом, устод,
Устоди хирадманд,
Хаёли мо ҳамеша бо Шумо банд!..




« Бозгашт | МУНДАРИҶА | Идома »