Файзулло Ансорӣ
(1931-1980)

Сарвати дил - Ш Е Ъ Р Ҳ О

КӮҲҲО



Диёри тоҷикон андар канори кӯҳсорон аст,
Фараҳбахшандаю зебо баҳори кӯҳсорон аст.
Раҳи хуршед ҳам бар водиҳои зарнисори мо,
Хушо, аз қуллаҳои файзбори кӯҳсорон аст.
Шуда ҳар як ваҷаб хоки Ватан сарсабзу гавҳарбор,
Ки онро ғайри нури офтоб – об инчунин даркор,
Сароӣ гар ба васфи водӣ, аз ёдат набар, зинҳор,
Ки обаш – оби барфу чашмасори кӯҳсорон аст.
Намуди кӯҳҳои мо ба дилҳо сад фараҳ бахшад,
Ки ҳар як санги он бар дидаҳо чун лаъл мерахшад.
Барои кишвари мо аз дили худ ганҷ мебахшад,
Аз ин рӯ халқи тоҷик дӯстдори кӯҳсорон аст.
Равад ҳар ҷой ҳарф аз мулки мо – аз кишвари заррин,
Тасаввур кардани он бе адиру кӯҳ номумкин.
Ба рӯи қуллаҳо ҳамчун ливое қуллаи Ленин –
Шукӯҳи бемисолу ифтихори кӯҳсорон аст!
1956




« Бозгашт | МУНДАРИҶА | Идома »