Файзулло Ансорӣ
(1931-1980)

Сарвати дил - Ш Е Ъ Р Ҳ О

БӮИ ВАТАН



Ҳар гиёҳе, ки дар чаман рӯяд,
Чеҳра аз оби ҷӯй мешӯяд.
Шоир онро сарояд аз дилу ҷон,
Ошиқ онро ба меҳр мебӯяд.

Ҳусн дорад зи ҳусни рӯи Ватан,
Об нӯшад – зи оби ҷӯи Ватан.
Чун наболад дилам, замоне ки
Ояд аз он гиёҳ бӯи Ватан?




« Бозгашт | МУНДАРИҶА | Идома »