Файзулло Ансорӣ
(1931-1980)

Оинаи дил -

ОИНАИ СЕҲРНОК



Субҳи навин...
Баҳри ҷаҳонсози ишқ
Мужда расонид аз оғози ишқ!

Субҳи навин омада пайғом дод –
Салтанати ишқ бақодор бод!

Дида ба ҳар сӯй ман оини кор,
Бар рухи ҷонон шавам оинадор.

Ошиқу дилдодаи саҳро манам,
Ҳарфи вафо аз дилу ҷон мезанам.

Гарчӣ саҳархез худам нестам,
Ин саҳари нек зи ҷо хестам.

Шушта рухи хеш ба дарёи Вахш,
Пас бишудам ман ба тамошои Вахш.

Марҳамат аз ёр бароям шавад –
Ҳиммати дил роҳкушоям шавад.

Руд агар аз дара ояд бурун –
Бар раги саҳро бишавад тоза хун.

Вахши муборак ба дилам роҳ ёфт,
Фикри ман ин субҳ ба он ҷо шитофт.

Вахш бувад модари Норак ҳаме,
Шодии ҳар рӯзи муборак ҳаме.

Оинаи водии Ёвон вай аст,
Хуррамии Вахши шукуфон вай аст.

Руд агар аз дара ояд бурун –
Ҳосили саҳро бишавад бас фузун.

Партави хуршед ба саҳро расад,
Марҳамати он ба дили мо расад.

Обу замину шарари офтоб
Дода ба мардони далер обутоб.

Обу замину шарари офтоб
Тоҷики моро бинамуд комёб.

Баски диёраш ҳама аз кӯҳсор,
Мекунад ин халқ аз ин ифтихор.

Салтанати ишқ бақодор бод,
Шӯҳрати ҷовид бар он ёр бод.

Субҳи навин омада, бо сози ишқ
Мужда расонид аз оғози ишқ.

Ман, ки дили хеш бидодам ба Вахш,
Нӯшам аз обаш, ки бувад рӯҳбахш.

Рози дили хеш ҳам ифшо кунам,
Нози ҳабибон ба дилам ҷо кунам.

Партави хуршед ба сар оварам,
То ба дили ёр зафар оварам.

Бори муҳаббат, ки ба дӯши ман аст,
Ҳастии он ҷӯшу хурӯши ман аст!

Субҳи навин баҳри ҷаҳонсози ишқ
Мужда расонид аз оғози ишқ!..


Ҳусни баҳорон бисурудам ҳаме,
Дар талаби оина будам ҳаме.

Рӯзи муборак ба дилам роҳ ёфт,
Оинаи Вахш ба рӯям битофт.

Водии пурфайзи зафарофарин, –
Ҳиммати мардон-ш ба ҳар сӯй бин.

Кор ба ҳар сӯй чӣ аъло кунанд,
Шӯҳрати республика боло кунанд!..

Чанд гаҳе ман ба яке колхоз
Будаму дидам ҳама пасту фароз.

Аҳли вай аҳланду ба ҳам меҳрубон,
Кор кунанд аз дилу аз мағзи ҷон.

Ҳаст дар он хоҷагии некфол
Хислати фарзонагии бемисол.

Ҳар ваҷаби хок, ки зар оварад,
Дар дилу бар дида шарар оварад.

Дар сари хони ҳама вақти наҳор
Саф бикашад ҳосили хоки диёр.

Акси ҳама ҳастии ин сарзамин
Аз рухи ёрони накӯкор бин...

Тобиши ҳар хӯшаи гандум хуш аст,
Хандаи зебандаи мардум хуш аст.

Хониши мурғони саҳархез хуб,
Дониши ёрони дилангез хуб!

Пахтаи ҳар як нахаш абрешимин
Рӯяд аз ин обу ҳавою замин.

Номи баланди амаки пахтакор
Вирди забонҳо шуда андар диёр.

Байти нахусти ҳамаи шоирон
Беҳ шавад оғоз ба васфи замон.

Вахш басо водии пурфайзу пок. –
Ҳаст магар оинаи сеҳрнок?!

Дил ба кафам, дар кафи саҳро манам,
Боли муҳаббат ба ҳавас мезанам.

Дил ба ҳамин водии нав бохтам,
Сар ба фалак аз фараҳ андохтам.

Атласи хушранг бубинам агар,
Дар назарам Вахш шавад ҷилвагар.

Ҳай, шавад он бар тани ёрони нек
Хилъати шоистаи даврони нек!

Духтаракони сараи ин диёр
Паҳлу ба паҳлу бинамоянд кор.

Дода яке пиллаи аълосифат –
Мекунад обод дили комбинат.

Шоҳию атлас дигарӣ бофта,
Шӯҳрати бемисл аз он ёфта.

Пиллаи шоистаи Вахши диёр
Ҳаст ба ҳар мамлакат овозадор.

Водии пурмӯъҷиза – водии пок,
Ҳаст аҷаб оинаи сеҳрнок!



Кӯҳи диёрам, ба сафо маснадӣ,
Дар шарафу шӯҳрати худ сармадӣ!

Шодии айём даруни дилат,
Гӯй бароям ҳамаи мушкилат!

Номи туро то ба Сурайё барам,
Аз ҷиҳати меҳр бар он бингарам.

Ҳастии ту – ҳастии ман, ростӣ!
Дар назарам бекаму бекостӣ...

Резаи санги ту, ки оина аст,
Зодаи ту мардуми бекина аст.

Пеши рухат мешавам оинадор,
Мекунам аз марҳаматат ифтихор.

Аз дили ту пайраҳа ояд бурун,
Пайраҳа шуд роҳи муқаддас кунун.

Кӯҳи диёрам, ту маро нек бин,
Зарраи меҳри дили тоҷик бин!

Дидаамат – сар ба фалак мекашӣ...
Кӯҳи диёрам, ту аҷаб беғашӣ!

Модари дарёи Зарафшон туӣ,
Рамзи вафои ҳама мардон туӣ!

Нози дили ман зи ту бошад мудом,
Рози дили ман зи ту бошад мудом.

Бори гароне, ки ба дӯши ту ҳаст, –
Омадаву бар сари дӯшам нишаст.

Бори туро ман ба ҷаҳон мебарам,
Завқи ту бо меҳри замон мебарам.

Толеи фархундаи ҳар некмард
Номи туро шӯҳрати олам бикард.

Кӯҳи диёрам, зи бузургии ту
Водии мо гашт чунин ҳам накӯ.

Ростӣ, эй кӯҳ, ту мироби нағз,
Номи ту шуд сарвати сад боби нағз.

Боварат ояд ба дили софи ман –
Оинаи беғашу шаффофи ман:

Пахта барои Ватанам обрӯст,
Он ҳама аз мағзи дилу ҷони туст!

Мешавад аз файзи ту саҳро хушоб,
Ҳаст ҳама шаъшааи инқилоб.

Шавкати ин мулк писанди ман аст,
Роҳи ҳақиқат абадӣ равшан аст.

Партави хуршеду фарози замин,
Шӯҳрати иқболу бақоро бубин!

Тобиши хуршед зи тоби ту аст,
Ҳар дара бобе зи китоби ту аст.

Ҳар сухану ҳар варақи он китоб
Гашта барои дили ман интихоб.


Кӯҳканон рози туро во кунанд,
Номи туро шӯҳрати дунё кунанд.

Кӯҳи диёрам, ба сафо маснадӣ,
Дар шарафу шӯҳрати худ сармадӣ.

Дар дилу дар ҷони ҷавонам нишин,
Толеи худ аз рухи оина бин!

Зинаи подори раҳи офтоб,
Бо қадами нек шудӣ комёб!

Хизмати мардони диловар намо,
Қудрати худро дубаробар намо!

Бош мудом оинаи беғубор,
Аз ту кунанд аҳли Ватан ифтихор!


Илму амал шуд талаби зиндагӣ, –
Ин талаби мунтахаби зиндагӣ!

Шаҳри Душанбеи ҷавонам сара,
Ҳар тарафи он чӣ аҷаб манзара.

Мактаби олии зиёде дар ӯст,
Оинаи нексаводӣ дар ӯст.

Духтаракону писарони саид
Он ҳама бар илми замон мӯътақид.

Он ҳама ганҷи сараи кишваранд,
Сарвати бемисл ба ёрон баранд!

Рафта ба ҳар гӯшаю кунҷи диёр
Кор намоянд барои баҳор.

Чунки баҳорон ҳама ҳосил диҳанд,
Шодии арзанда ба ҳар дил диҳанд.

Марҳамати одами пурихтисос
Мешавад оинаи ҳар рӯзи хост.


Ҳар кӣ аз ин шаҳр равад баҳри кор, –
Мекунад аз ҳиммати худ ифтихор.

Чунки дар ин шаҳр гирифтаст илм,
Аз дили чун баҳр гирифтаст илм.

Илми худашро амалӣ мекунад,
Бахти ҷавонро ғазалӣ мекунад.

Шаҳри Душанбе ба сари Шарқи пир
Шӯъла фишонад зи ҳаёти мунир.

Маркази илму ҳунари халқи мост,
Кавкаби шому саҳари халқи мост.

Мекунад он ҷониби фардо назар,
Дода ба ҳар дил сабақе аз ҳунар.

Партия дар авҷи Ҳисори қадим
Дода бар ин шаҳр раҳи мустақим.

Рӯзи муборак – ҳама шодем мо,
Дил ба кафи меҳр ниҳодем мо.

Ҳастии мо нури сабоҳи нав аст,
Шодии мо бо садади Маскав аст!

Меҳри ҷаҳонро ба дил андӯхтем, –
Дарси вафоро ҳама омӯхтем!

"Оина" гуфтему дил оина шуд,
Оинаи ҳастии бекина шуд.

Таҳнияту мадҳ ба номи шумост,
Тарбият эъҷози каломи шумост!

Шаҳри азизам ба дилам ҷо гирифт,
Дасти дил аз домани фардо гирифт.

Оина дорам ба кафам, нашканад,
Партави шаъну шарафам нашканад.

Оби Зарафшон ҳама дам хӯрдаам,
Бурд ба ҳар воситае бурдаам.

Лек яке ҳарф ба гӯшам расид,
Маънии он дер ба ҳушам расид.

Шаҳри азизам, шарафи рӯзгор,
Ҳеҷ нашав ту ҳадафи рӯзгор.

Сокини худро бикун аз ранҷ дур,
То шавад аз меҳнати худ дар ҳузур.

Оинаи рӯзи дурахшон бишав,
Нури дили беғаши инсон бишав!

Ман ба тамошои саҳар дода дил,
Ҳаст ба ҳар кори хуб омода дил.

Сурати ҳар кӯчаву ҳар боғу роғ
Мебарад аз синаи ман дарду доғ.

Илму амалро амалӣ мекунам,
Номи далерон ғазалӣ мекунам.

Шаҳри азиз, оинадори дилам,
Лонаи ман, хонаи ман, манзилам.

Бо ту намоям ҳама умр ифтихор,
Ҳастӣ аҷаб оинаи беғубор!



Қудрати инсони муборакзамир, –
Шӯҳрати мардони қавию далер,

Хуррамию шодии бисёри мост,
Қувваи бозӯи бинокори мост.

Шоҳиди имрӯзу пагоҳони мост,
Мусиқии форами даврони мост.

Оварад илҳоми фурӯзон ба мо
Мусиқии форами тори вафо.

Завқи дил аз мусиқӣ омӯхтем,
Мусиқӣ омад, ки барафрӯхтем.

Мусиқии форами даврони мо –
Роҳнамои дили мо, ҷони мо.

Субҳи навинро басафо мекунад,
Шодии моро бабақо мекунад.

Оинаи бахт ҷилодор аз ӯст,
Шавқи ҷавонии пуранвор аз ӯст.

Савти хуше мерасад аз шаршара,
Ки ҳамаи кӯҳи диёрам сара.

Оина худ занг намепарварад, –
Дар дили мо рӯҳи навин оварад.

Мебарӣ аз синаву аз дил ғубор,
Зиндаву ҷовид туӣ, рӯзгор!


Субҳи навин, субҳи диёри ман аст,
Муждарасони ҳама кори ман аст.

Сӯҳбати ёрони муборак накӯст, –
Гар бишиносем аз он – хасму дӯст.

Буда дар ин роҳ басо одамон
Дар ҳаваси роҳи нави Каҳкашон.

Лек якеро ғами дунё гирифт,
Они дигар роҳи мусаффо гирифт...

Мо ҳама узвем ба як инқилоб –
Бар сари мо тофта як офтоб.

Мо ҳама узвем ба як инқилоб,
Ки ҳама ҳастем аз он баҳраёб!

Мо ҳама узвем ба як инқилоб –
Хуб гирифтем ба ҷон обутоб!

Субҳи навин... Субҳи диёри ман аст,
Муждарасони ҳама кори ман аст.

Мардуми дилбохта ҳастем мо,
Оинаеро нашикастем мо...

Мо ҳама дар синаи оинаем,
Дар дили бекинаи оинаем.

Оина, эй водии боғу баҳор,
Аз ту кунанд аҳли Ватан ифтихор!

Субҳи навин...
Баҳри ҷаҳонсози ишқ
Мужда расонид аз оғози ишқ!..









39






« Бозгашт | МУНДАРИҶА