Файзулло Ансорӣ
(1931-1980)

Оинаи дил -

РОҲҲО БО ЁДИ ЁРОНИ НАКӮ ТАЙ МЕШАВАНД




Роҳҳо бо ёди ёрони накӯ тай мешаванд,
Он қадар ҳам меҳр мемонад ба дил, баъди сафар...
Номҳои нек ҳар ҷо бар забонҳо мераванд,
Номи бадро кас нагирад бар забон рӯзи дигар!

Умри инсон аз сафар пурмаънию зебо шавад,
Нӯшдоруи ҳаёт – ин дидаву донистан!
Дар замири дил басо ганҷе зи дидан ҷо шавад,
Беҳбудие наорад бо хаёле зистан!..

Дил набояд монад андар тангнои зиндагӣ, –
Оламу одам бубинад... дар сафар бошад мудом.
То сабақ омӯзад аз савту навои зиндагӣ,
Ки бигардад лоиқи эҳсону ишқу эҳтиром.

Ақл бар ҳар кӯй бахшад заррае хуршедро,
Дил чунин роҳи муқаддасро намояд интихоб.
Пок бояд доштан оинаи уммедро,
Ки дар ин бобат нависад орзу садҳо китоб.

Сарвати ин рӯзгори мо басо афсонавист,
Ки тамоми боғу роғу хонаҳои мо наванд.
Дар дили хуршеду маҳ будан кунун афсона нест,
Роҳҳо бо ёди ёрони накӯ тай мешаванд!




« Бозгашт | МУНДАРИҶА | Идома »