Файзулло Ансорӣ
(1931-1980)

Оинаи дил -

РУБОБ ДАР КАФИ ТУ НАҒМАҲОИ НАВ ДОРАД




Туро ба тори сари худ мудом бардорам,
Чу ашки кӯдаки навзод ниятам пок аст.
Агар ба марҳамати дӯстон сазоворам,
Вуҷуди ман ҳамаи умри худ тарабнок аст...

Надорам аз сухани носазои дунон ваҳм,
Туро ба тори сари худ ҳамеша бардорам.
Ту як нафас дили дилдодаи худатро фаҳм, –
Агар ба марҳамати дӯстон сазоворам!..

Табассуми ту ба ман олами дигар бошад,
Ки аз нигоҳи ту ман ошиқона менозам.
Ҷамоли покизаат ҳамчунон саҳар бошад,
Зиҳй, зи давраи неку замона менозам!

Хаёл мебарад он гуна ҳам ба роҳи дур,
Ки меравам зи паи ту дилам ба рӯи даст.
Зи дарси ишқ басо хондаам, ҷаҳон пурнур,
Хумори дидани рухсораат ба ҷонам ҳаст!..

Рубоб дар кафи ту нағмаҳои нав дорад,
Ки андаруни дилам шӯри тоза ангезам.
Тамоми ҳастии ман баҳри ту гарав дорад,
Барои бурдани он ман чу қулла бархезам.

Ба номи неки ту садҳо рисола дорам ман,
Маро писандӣ агар, чун суруд мехонӣ...

Туро ба дасти каси бад намесупорам ман,
Садоқати дили манро худат-ку медонӣ!

Агар ба ошиқиам ҳар кас иштибоҳ кунад,
Ту шоҳиде талабу чашми худ ба чашмам дӯз.
Касе бадам, ки бидидаст, он гуноҳ кунад,
Даруни кӯраи оташ чунин касонро сӯз!

Агар ба марҳамати меҳри ту сазоворам, –
Вуҷуди ман ҳамаи умр бас тарабнок аст.
Туро ба тори сари худ ҳамеша бардорам,
Чу ашки кӯдаки навзод ниятам пок аст!




« Бозгашт | МУНДАРИҶА | Идома »