Файзулло Ансорӣ
(1931-1980)

Оинаи дил -

МАКТУБИ СОЛИНАВӢ БА АСҚАД МУХТОР




Ассалом, эй дӯстам,
Дар соли нав
Номае бинмо қабул аз номи ман!
Соли нав бахшад ба ту иқболи нав, –
Ҳаст ин матлаб ба ҳар иқдоми ман.

Ман зи ҳар як кори неки рӯзгор
Бишнавам сози туву овози ту.
Нек бинам, дар фазои беғубор
Шодии ту,
Завқи ту,
Парвози ту!

Орзу дорам, ки ҳар як сония
Нақш монад,
Нақш – рӯи дафтарат.
Орзу дорам, ки ҳар як сония
Фикри нав,
Зикри нав орад бар сарат.

Мову ту фарзанди як айёми нав,
Ду дили покем аз яв навбаҳор.
Сӯи истиқбол бо иқдоми нав
Як қадам монем ҳар ду бовиқор!

Ду дили покему дар як пайкарем,
Як суруде месарояд ҳар ду дил.
Як муроду муддао мепарварем,
Ду гиреҳе во кунем аз як чигил.

Ӯзбекистони туро ман ошиқам,
Тоҷикистонро ту ҳам дил бохтӣ.
Боғу майдони туро ман ошиқам,
Вахши тобонро ту ҳам дил бохтӣ.

Пахтакорони диёри мову ту
Гаштаанд овозадорони замон.
Соли нав, дорем аз ҷон орзу,
Ки бигирад равнақи нав корашон!


Дасташон ҳаргиз набинад дардро,
Доимо бошанд бо заҳмат қарин.
Нур бахшад хонадони мардро
Ҳиммати бозӯи мардони матин!

Бод бахти бебадал ҳамроҳашон,
Кам набод аз сар тулӯи офтоб.
То Сурайё рост бодо роҳашон,
То нагунҷад васфашон дар сад китоб.

Ҳаст ёдат, эй рафиқи меҳрубон,
Меҳмонӣ Тоҷикистон омадӣ?!
Сайр карда дар диёри тоҷикон,
Шеър хондӣ –Шеър аз неку бадӣ.

Вахшро Фарғонаат пиндоштӣ,
Ленинобод аз бароят шуд писанд.
Ҳар тараф, ҳар сӯ қадам бигзоштӣ,
Дидӣ он ҷо мардумони сарбаланд.

Рафта ман ҳам меҳмонӣ хонаат
Ҳусни поки боғҳоят дидаам.
Дар заминҳои наву Фарғонаат
Ман бузургии бағоят дидаам.

Дидаам рухсораҳои покро,
Ки ба ҳар як буд нури дӯстӣ.
Дидаам халқи басо бебокро,
Ҳам бақодории зӯри дӯстӣ.

Хонадони мову ту – як хона аст,
Тоҷикон хонанд шеъри ӯзбакӣ.
Дон, Навоӣ баҳри мо фарзона аст,
Ончуноне бар шумоён Рӯдакӣ!

Соли ҳафтодуми асри бисти мо
Меравад аз мардуми мо шодком.
Соли ҳафтодуми асри бисти мо
Монд дар таърихи кншвар некном.

Соли навро мо пазироӣ кунем
Бо умеду орзуҳои навин.
Корҳои дастболоӣ кунем,
То бигӯяд Маскави мо Офарин!

Ассалом, эй дӯстам!
Соли нават –
Достону шеърҳои бикр бод!
Қаҳрамони ҳар як иқболи нават –
Бурдбору зӯру равшанфикр бод.

Шод ҳастам, мову ту дар ин замон
Ду дили покему дар як пайкарем.
Лек як мақсудро дар ду забон
Бар ҳаводорони иншо мебарем.

Ман зи ҳар як кори неки рӯзгор
Бишнавам сози туву овози ту.
Нек бинам дар фазои беғубор
Шодии ту,
Завқи ту,
Парвози ту!



« Бозгашт | МУНДАРИҶА | Идома »