Файзулло Ансорӣ
(1931-1980)

Оинаи дил -

ДӮСТОН, БОДО МУБОРАК ИДАТОН!



Идҳо бисёр дар кишвар,
Яке болотар аст,
Идҳо бисёр дар кишвар,
Яке тоҷи сар аст!
Идҳо бисёру аммо он асоси идҳост,
Ҳам асоси ҳастии мову бақои кишвар аст!
Дӯстон, бодо муборак идатон!

Рӯзгори мо накӯ шуд аз сафои Октябр,
Шодии мо бебаҳо шуд аз бақои Октябр.
Сарзамини тоҷикон бишкуфту бишкуфтан гирифт,
Бишкуфад аз ин фузунтар…
Ин атон Октябр.
Дӯстон, бодо муборак идатон!

Сафҳаи таърих аз номи накӯён бод пур,
Сафҳаи таърих аз худ зиштҳоро кард дур.
Оламеву одами дар асли худ ҷон бохта
Менамояд, ростӣ, дар чашми моён мисли нур.
Дӯстон, бодо муборак идатон!

Дӯстии одаму кӯҳу замин мустаҳкам аст,
Аз чӣ бошад, – саъю кӯшишҳои мо андак кам аст?!
Мо писандидем фардоро барои наслҳо,
Сарвати имрӯзу фардои ҷаҳон – ин, одам аст!
Дӯстон, бодо муборак идатон!

Қуллаи Помир дорад номи Ленини Кабир,
Ки аз ин рӯ ҳам шуда ин кӯҳсорон муқтадир.
Фахр дорам,
Номи неки Тоҷикистони азиз
Ҳаст бо номи бузургони чаҳонӣ даҳргир!
Дӯстон, бодо муборак идатон!




« Бозгашт | МУНДАРИҶА | Идома »