Файзулло Ансорӣ
(1931-1980)

Оинаи дил -

НОМАИ НОНАВИШТАРО ХОНДАМ



"Нестам ман муборизи ин ҷанг
Ман ватанбони олами озод.
На барои харобӣ овардан
Ватанам дод найзаву пулемёт!"
(Ҳабиб Юсуфӣ)


Рӯзҳоро шумор мекардам,
Ишқи ман дар дилам баҳоре буд.
Аз гуле ифтихор мекардам,
Ишқ буду ҷаҳони коре буд.

Номаи нонавиштаро хондам,
Ки ба ҷонам фишор овард он.
Номаи нонавиштаро хондам,
Ки ба ҷон ифтихор овард он!

Зодаи шаҳри некноми ман,
Ҳастии ту, баҳори ту ҷовид.
Кун қабул сидқу эҳтироми ман,
Ки ту бо нури худ шудӣ хуршед!

Бо суруди ту ошиқон зинда,
Дар ҳавои ту ҳаст парвозам.
Шаҳри пояндаи ту – поянда,
Бо тую шаҳри ту ҳаменозам.

Фахри ман аз бузургии дили туст,
Ки ту Деҳотиро ҷигарбандӣ.
Шӯҳрати зодгоҳ – ҳосили туст,
Шӯҳратафзои он Самарқандӣ!

Ту кунун нестӣ, вале ҳастӣ,
Шеър хон, шеър байни Регистон!
Ҷони худ дода, шаҳрат орастӣ,
Шоири номдори тоҷикон!

Осмони ту соф, эй шоир,
Офтоби баҳор метобад.
Бо ту бошад дили муҳаббатгир,
Ишқ дар байти кор метобад.

Меравам бо раҳи фарозу нишеб,
Қадами худ ба меҳр мемонам.
То шавам ҳамқадам барои Ҳабиб,
Номаи нонавишта мехонам.

Он чӣ кардӣ – наметавон кардан,
Мезанам ман қадам зи роҳи ҳаёт.
"На барои харобӣ овардан
Ватанам дод найзаву пулемёт!"



« Бозгашт | МУНДАРИҶА | Идома »