Файзулло Ансорӣ
(1931-1980)

Оинаи дил -

САНГИ САФЕД



Ба ту аз ҷон салом мегӯям,
Ба ту аз дил паём мегӯям.
Ба ту садҳо дуруд мегӯям,
Ман ба гӯшат суруд мегӯям,
Бо фароғат бихоб, санги сафед!

Ғурриши обро шунидаӣ ту,
Селҳоро ба сар бидидаӣ ту.
Боргоҳи муродат ин ҷо шуд
Нури худ як замон сурудаӣ ту,
Дар саодат битоб, санги сафед!

Бар сарат кӯфтанд шому саҳар
Ҳудаю беҳуда сангҳои дигар.
Кӯфт он як ба имдоди сел,
Он дигар канда шуд зи Кӯҳи бел…
Акси як моҳтоб, санги сафед.

Тахтасангию сахт маҳфузӣ,
Ноларо аз табиат омӯзӣ…
Гӯш дорию лек бегӯшӣ,
Байни ин кӯҳсор хомӯшӣ,
Сояи офтоб, санги сафед!

Аз табиат базеб осорӣ,
Ту аҷаб розҳо ба дил дорӣ.
Борҳо бар сари ту биншастанд
Ошиқон, ошиқони ғамхоре,
Бош ҳозирҷавоб, санги сафед!

Ба сарат соя карда буттаи гул,
Ки дар он ҳаст чаҳ-чаҳи булбул.
Руди кӯҳӣ бишорад аз поят,
Гӯй бар он, ки назди ту ояд –
Маънии сад китоб, санги сафед!

Устувор исту бош поянда,
Нақл бинмо ба насли оянда,
Ки ту бар ошиқони бисёре
Аз барат ҷой додаӣ боре…
Дар лаби руди об, санги сафед!

Ба ту аз ҷон салом мегӯям,
Ба ту аз дил паём мегӯям.
Ба ту садҳо дуруд мегӯям,
Ман ба гӯшат суруд мегӯям,
Баркан аз рух ниқоб, санги сафед!


« Бозгашт | МУНДАРИҶА | Идома »