Файзулло Ансорӣ
(1931-1980)

Оинаи дил -

ЯК РӮЗИ ТУ САД РӮЗИ ҲАЁТИ ДИЛИ МАН



Як рӯзи ту сад рӯзи ҳаёти дили ман,
Як хандаи ту азму суботи дили ман.
Овоза намудам, ки туӣ бахт маро,
Ҳастии ту ҳаст ҳиссиёти дили ман!

Парвонаи шамъи рӯзгори покам,
Ҳам оинадори меҳри нусратнокам.
Ман дафтари ишқро муборак хондам,
Дар ҳифзи диёри хештан бебокам.

Донам сара ҳастӣ, оламеро бишинос,
Ё беш бихоҳу ё камеро бишинос.
Як рӯзи ту – сад рӯзи ҳаёти дили ман,
Бо дидаи дил ту одамеро бишинос!

То мамлакатам – мамлакати дилҳо шуд,
Сарбаста хаёлам ба ҷаҳон ифшо шуд.
Як хандаи ту – азму суботи дили ман,
К-аз хандаи ту ошиқи нав пайдо шуд!



« Бозгашт | МУНДАРИҶА | Идома »