Файзулло Ансорӣ
(1931-1980)

Оинаи дил -

ЗӮРТАР МЕКУНАД ЗАРАФШОНРО

Ба Шароф Муҳаммадиев – яке аз ташкилкунандагони обёрии Марғедар



Оби Киштӯдро бинӯш, рафиқ,
Ки ба сад ранҷу дард дармон аст.
Оби Киштӯдро бинӯш, рафиқ,
Ки равон ҷониби Зарафшон аст!

Руди Киштӯд солҳои сол
Дар ҳавои висол меҷӯшид.
Оби онро ба меҳри беамсол
Рӯдакии бузург менӯшид.

Лаззати бениҳояте дорад
Оби ин рӯди бемисоли диёр.
Дар вуҷудаш ҳикояте дорад,
Ки баромехта ба боғу баҳор.

Дашти Марғедару Ғусор аз он
Баҳравар гаштаву баҳоре шуд.
Халқ бурдаш ба сӯи хористон, –
Соҳиби ному эътиборе шуд.

Зӯртар мекунад Зарафшонро
Оби ин рӯди кӯҳии фирӯз.
Хуш ҳаловат бубахшад он ҷонро,
Софию покиро аз он омӯз!

Рӯди Киштӯди зодгоҳи ман,
Аз ту мефахраму ба ту нозам.
Бо ту бикшода гашт роҳи ман,
Ки зи меҳрат кунун ба парвозам.

Рӯдакии бузург оби туро
Нӯшиду шӯҳрае ба дунё шуд.
Кошкӣ, ҳар яки сухангӯро
Номи поки ту шӯҳра меафзуд.

Орзу дар қадаҳ намеғунҷад,
Орзу – ин ҷаҳони беохир.
Дида чун бар гули баҳорон зад,
Рӯди Киштӯдро намо тасвир!

Дар суруди баҳори пурҳосил
Ҳаст нуру саховати хуршед…
Оби Киштӯдро бинӯш, эй дил, –
Рӯдакии бузург менӯшид!




« Бозгашт | МУНДАРИҶА | Идома »