НАМОИШИ ДУЮМ
Саҳни ҳавлии шаҳр. Як тараф даромади иморат. Дар мобайн стол ва курсиҳои хасин гузошта шудааст. Фасли тобистон. Дар саҳни ҳавлӣ Мурод бо рӯбучин овора аст. Вай пешдоман дорад. Мурод хушҳол аст. Вай ҳамаи корҳоро сурудхонон анҷом медиҳад. Ҳар замон ба тарафи хона нигоҳ карда мемонад. Саҳари барвақт...
Суруди Мурод:
Чашмони пур аз шарор дорам,
Хурсанди беканор дорам.
Дар ҳастии ман шарофате ҳаст,
Оинаи рӯи ёр дорам...
Имрӯзу пагоҳи ман муборак,
Аз толеам ифтихор дорам.
Дар хандаву дар табассуми ёр
Сармояи бешумор дорам.
Нозам зи атои бахти фирӯз,
Бо моҳу ситора кор дорам.
Ҳаргиз нашавам парешу дилгир,
Як дилбари ғамгусор дорам.
Бӯсам зи рухи гули муродам,
Ман дар дили худ баҳор дорам!
Дар ҳастии ман шарофате ҳаст,
Иқболи шарорабор дорам!
Роҳат аз хона мебарояду дар гӯшаи саҳна рост меистад. Ба вай суруди Мурод хуш омадааст. Вай бо муҳаббат гӯш мекунад. Суруд хотима меёбаду оҳанги дуэт садо медиҳад... Мурод Роҳатро болои даст мебардораду рӯи ҳавлӣ мегардонад. "Э, мон, меафтам!" – мегӯяд бо карашма Роҳат. "Не, намемонам!" дар ҷавоб мегӯяд Мурод. "Ту дармони ман" мегӯяд Роҳат. "Туӣ ҷони ман!" мегӯяд Мурод ва Роҳатро дар як курсӣ мешинонаду худаш ҳам дар паҳлӯи вай мешинад...
Роҳат. Ту Муроди ман!
Мурод. Ту саводи ман!
Роҳат. Ту сафои ман ҳастӣ.
Мурод. Ту бақои ман ҳастӣ.
Роҳат. Ман асири ту.
Мурод. Ман замири ту!
Роҳат. Ту китоби ман...
Мурод (Хандида). Агар ман китоби ту бошам, чаро то ҳол нахондаӣ?
Роҳат. Хондаам.
Мурод. Не, нахондаӣ... пурра нахондаӣ.
Роҳат. Хондаам. Пурра хондаам. Санҷида бин!.. Ман дар бораи ту ҳама чизро медонам.
Мурод. Агар ҳамин донистанат бошад, ин ҳоло сарахбори қиссаи нотамоми ман аст.
Роҳат. Барои ман донистани ҳамин қиссаи нотамом ҳам кифоя, ҷонакам... (Сари Муродро сила мекунад). Ман медонам, ки модар надорӣ.... Сари сағираҳоро сила кардан савоб аст... Модарам туро навозиш мекунанд. Ман сари туро ҳамеша сила мекунам... Ҳамин тавр не, азизам?
Мурод (Ҳолаташ андак дигар шуда). Ҳа, ҳамин тавр... (аз ҷо мехезад).
Мурод Роҳатро зуд намебинад. Вай фақат овози Роҳатро мешунаваду баъд нигоҳ мекунад. Дуэт аз ду тараф ҳам бо ҳаракатҳои нафис иҷро карда мешавад...
Роҳат.
Аз сарат гардам, Муродам, ассалом,
Бо ту пайванд умрбодам, ассалом!
Бармаҳал аз хоби роҳат хестӣ,
Ман магар имкон надодам, ассалом...
Мурод.
Ассалом, аз хоби роҳат хестӣ?
Ин саҳар ту ғайри одат хестӣ.
Узр мехоҳам, расонидам халал,
Ки зи болини фароғат хестӣ.
Роҳат.
Навбати ман буд, охир, рӯбучин...
Пешдастӣ кардӣ аз ман... Офарин!
Бо ту мефахрам тамоми умри худ,
Бо ту дорам ман ҷаҳони нозанин.
Мурод.
Садқаи нозу итобат мешавам,
Нуқтае гӯӣ, – хитобат мешавам.
Оламе, ҷуз ту, надорам оламе,
Гар хато хонӣ – савобат мешавам.
Роҳат.
Садқаи нозу итобат мешавам,
Нуқтае гӯӣ – хитобат мешавам.
Мурод ва Роҳат.
Оламе, ҷуз ту надорам оламе,
Ман тулӯи офтобат мешавам!..
Роҳат. Ҳа, ба ту чӣ шуд?
Мурод. Ҳеҷ чиз нашудааст. Ман як сигарет гирам... (Меравад).
Роҳат. Дар назди бе модар аз модар гап назан, ки дилаш мечукад, гуфтаанд... Ин рост будааст. Маълум мешавад, ки китоби ҳастии Муродамро ҳанӯз пурра нахондаам... (Аз ҷо мехезад. Мусиқӣ сар мешавад. Роҳат месарояд).
Китобам, интихобам ту,
Саволам ту, ҷавобам ту.
Зи чашмони ту мехонам,
Ки ишқи комёбам ту!
Набинам дарду доғатро,
Бубинам боғу роғатро.
Гиронам шабчароғатро,
Ки дар рӯз офтобам ту.
Занад дарди ту бар ҷонам,
Туро ҳаргиз наранҷонам,
Вафодори ту мемонам,
Ба ҷонам инқилобам ту!
Сигарет дар лаб Мурод мебарояд ва дар як гӯша истода, суруди Роҳатро андешаманд гӯш мекунад. Пас аз лаҳзае дар ҳамон оҳанг Мурод ҳам бо суруд ҷавоб мегардонад.
Мурод:
Баҳорам, навбаҳорам ту,
Ҳавои беғуборам ту.
Ман аз рӯи ту медонам,
Ки нури рӯзгорам ту.
Набинам дарду доғатро,
Бубинам боғу роғатро,
Бибӯсам, шабчароғатро,
Ҷаҳони файзборам ту!
Туро ҳаргиз наранҷонам,
Занад дарди ту бар ҷонам,
Вафодори ту мемонам,
Ривоҷу авҷи корам ту!
Роҳат. Мебинам, ки аз ман наранҷидаӣ?!
Мурод. Барои чӣ меранҷидаам?
Роҳат. Туро "сағира" гуфтам... Модаратро ба ёдат овардам...
Мурод (Худро ба нофаҳмӣ зада). Ҳиссиёти ҳардуямон ҳам бо тарона ифода ёфт...
Роҳат. Росташро гӯй, ба одам бе модар душвор-а?!
Мурод. Ту ҳам гап задию мондӣ!..
Роҳат (Нишаста) Аҷоиб давлат дорем-куя...
Мурод (Аз мақсади занаш пай бурда). Бале!.. Каси бекас надорад. Ҳаминро гуфтан мехостӣ?
Роҳат. Ҳа, ҳаминро... Мехононад... Медононад... Агар ту нохонда мебудӣ, магар маро ба ту бароварда медоданд?
Мурод (Оҳ кашида). Не, намедоданд. Дар ин ҷо сабабҳои дигар ҳам ҳаст, азизам.
Роҳат. Рост. Бекас буданат.
Мурод. Биё, дар ин бора дигар гап намезанем.
Роҳат. Хуб шудааст. Ту инженери қатории сохтмон будӣ, саринженер шудӣ. Ҳамааш ба ҳурмати падарам...
Мурод (Сигарет кашида). Боз дар ҳамон бора?!
Роҳат. Хайр, наранҷ. Акнун чӣ наҳор мехӯрем?
Мурод. Амри "малика" қонун аст.
Роҳат. Модарам таомҳои хуб мепухтанд. То омадани падару модарам ҳоламон хароб мешавад.
Мурод. Ин тавр нагӯй! То омаданашон ин вазифаро ба зиммаи ман гузошта рафтаанд. Ошхонаро як хабар гир!
Роҳат (Бо ҳайрат). Наход?!
Мурод. Бин, ки чӣ пухта мондаам.
Роҳат. Аз ин ҳунарат бехабар будам... Чунин корҳо аз дасти инженер меомадааст. Аз дасти мани иқтисодчӣ чӣ ҳам меояд?!
Мурод. Столро дуруст кун, дар ҳамон ҷо наҳорӣ мекунем.
Роҳат (Қаноатманд). Ин тарафи кор аз дасти ман меояд. (Меравад).
Мурод (Худ ба худ, ғарқи андеша). То ба кай пинҳон мекунам? Ба қишлоқи мо рафтуомад торафт зиёд мешавад… Агар аз ягон кас ногоҳ фаҳмида монад?! Хайр, то табар омадана – кунда меосояд, гуфтаанд... Ҳоло:
Дасти бахти ман дарозӣ мекунад,
Дилбарам ошиқнавозӣ мекунад!
Афзал даромада меояд. Дар даст мактуб дорад. Мурод дар аввал ӯро намебинад.
Афзал. Бале, бале... Дилбарат ошиқнавозӣ мекунад, Модарат ҷон дар тарозу мекунад...
Мурод (Дар ҳайрат). Афзал?!!
Афзал. Ҳайрон нашав, холабаччаи азиз... Ин манам. Салом! (Дастӣ мулоқот мекунанд).
Мурод. Салом...
Афзал. Тааҷҷуб мекунӣ, ки чӣ гуна туро пайдо кардам?
Мурод. Хонаамонро як бор нишон дода будам. Аммо ин ҷойро...
Афзал (Ифтихорманд) Беҳуда ҳам ба ҳамкасбони ман номи "Ҷӯяндагон" надодаанд...
Ҷӯяндаи кони ганҷ моем,
Шоёни баҳои панҷ моем...
Дар ағбаву кӯҳпора гардем,
Боре раҳи хеш гум накардем.
Аммо ту, холабаччаи ман, роҳи зодгоҳи худатро гум кардаӣ... Ман хостам, ки онро ба ту хотиррасон намоям...
Мурод. Марҳамат карда шин. Илтимос мекунам, ки оҳистатар гап зан!.. Дар хона кас аст... Мабодо...
Афзал (Нишаста). Дар хона кас аст, як имо бас аст. (Сар меҷунбонад). Фаҳмида шуд. Ман бояд, ки аз хешу таборат, аз хоки диёрат, аз хоҳару модарат гап накушоям!
Мурод. Як ту ҳолати маро мефаҳмӣ.
Афзал (Оташин шуда). Марги ҳамин хел ҳолат! Ту чунон коре кардӣ, ки дар тамоми таърих касе онро накардааст.
Мурод (Гапро ба шӯхӣ гардонда). Мард ягон коре кунад, ки то вай касе ҳатто ба хаёлаш наоварда бошад... Чунин кор ҳаргиз аз дасти ту намеомад.
Афзал. Шарм надошта, шӯхӣ ҳам мекунӣ?! Агар ман ба ҷои ту мебудам, аз чунин рӯз мурданамро афзалтар медонистам... Наход ман метавонистам, ки модари яккаву ягонаам дар ким-куҷо умр ба роҳпоӣ гузаронаду бо айшу нӯши худ шуда, аз ҳоли ӯ хабар нагирам?!
Мурод (Бетоқат мешавад). Бас кун!
Афзал. Чиро бас кунам?.. Ман дирӯз аз қишлоқ омадам. Онҳо туро пурсиданд. Чизе нагуфтам. Боз меравам. Онҳо туро мепурсанд... Чӣ мегӯям?
Мурод. Ту маро надидаӣ...
Афзал. Дар як шаҳр зиндагӣ карда?..
Мурод. Шаҳр калон.
Афзал. Чӣ хел ту оромона гап мезанӣ...
Мурод. Магар ман оромона гап мезанам? Ту аз дили ман хабар надорӣ, ки дар вай чӣ задухӯрде ҳаст.
Афзал. (Бо заҳрханда). Ту ҳам дил дорӣ? Воқеан, суратат дар газета баромада буд... Агар медидӣ, ки аз тамошои башараи ту модарат чӣ гуна болид... Барои шарҳ додан сухан надорам! Ту дар он сурат ба одами дил доштагӣ каме монанд баромадаӣ.
Мурод. Хайр, шуд акнун... Роҳат нафаҳмад!
Афзал. То кай?
Мурод. То омадани падару модараш... Онҳо моро хонапой карда, худашон барои дамгирӣ рафтаанд... Ҳамин ки баргашта омаданд...
Афзал. Ҳамин ки баргашта омаданд, мефаҳманду кафшатро пеш мегузоранд. Дар ҳамон вақт модару хоҳаратро ту эътироф мекунӣ.
Мурод. Ҳой! Омадӣ, ки айши маро талх кунӣ?
Афзал. Не, омадам гӯям, ки ту модар дорӣ ва он кас ҳамеша роҳи фарзанди ношуди худро мепоянд. Омадам, ки мактуби хоҳари ягонаатро ба дасти ту супорам. Вай адреси туро гум кардааст... (Мактубро ба дасти Мурод медиҳад. Мурод онро гирифта, беихтиёр ба рӯи стол мепартояд). Латофат аз ту чунин умед надошт...
Мурод. Афзал!
Афзал. Чӣ?
Мурод. Биё, ман туро гусел кунам.
Афзал. Э, воҳ... Барои меҳмон ягон чой намебарорӣ?..
Мурод. Ҳазлат болои дида. Чойро баъдтар дар ресторан менӯшем. Давоми сӯҳбатамон ҳам дар ҳамон ҷо мешавад.
Афзал. Ҳа-а... Роҳат нафаҳмад.
Афзал ва Мурод берун мераванд. Саҳна лаҳзае холӣ мемонад. Аз хона Роҳат мебарояду чор тарафро аз пеши назар мегузаронад. Чашмаш ба мактуби болои стол меафтад. Рафта онро мегираду бо ҳисси кунҷкобӣ ин тарафу он тарафашро тамошо мекунад. Аммо зуд намекушояд. Мурод баргашта меояду мактубро дар дасти занаш дида, саросема шуда мемонад ва ноилоҷ худро ба даст мегирад...
Роҳат. Чой ҳам хунук шуда рафт.
Мурод. Рафтем, ҳозир гармашро дам мекунам.
Роҳат. Ин хатро кӣ овард?
Мурод (Забонаш гирифта). Ҳа, вай ҳамин тавр... Як роҳгузар... (Даст дароз мекунад). Ба ман диҳед!
Роҳат. Латофаташ кист?
Мурод. Хатро ба ман деҳ!
Роҳат (Хатро ба пасаш руст карда). Не, намедиҳам. Аввал ту мегӯӣ, ки Латофат кист... Сонӣ…
Мурод (Чӣ гуфтанашро надониста) Хоҳархондам.
Роҳат. (Ҷиддӣ мешавад). Хоҳархондат?
Мурод. Ҳа, хоҳархондам...
Роҳат. Барои чӣ пештар дар ин бора ягон гап назадӣ?
Мурод. "Сарахбори қиссаи нотамоми ман" гуфта будам-ку... Хатро деҳ.
Роҳат. Не-е... Агар ин хат аз хоҳархондат мебуд, авзоат дигар намешуд. Ту ягон гап дорӣ… Мумкин аст, ки Латофат зани ЗАГС накардагиат бошад.
Мурод. Ин хел сафсата нагӯй! (Талош карда, хатро гирифтанӣ мешавад, наметавонад). Биёр, ман хонам.
Роҳат. Худам мехонам. Ту нишаста гӯш кун!
Мурод. Аввал ман хонда бароям. Илтиҷо мекунам, ба ман деҳ...
Роҳат. Талош кардани ту беҳуда набудагист... Канӣ, бинам "хоҳархонд"-и ту чиҳо менависад. (Хатро мекушояд. Мурод ноилоҷ дар як курсӣ менишинаду сарашро хам мекунад). Ҳо, "қиссаи нотамом"! (Ба хат чашм медӯзад. Овози Латофат шунида мешавад).
"Салом аз кӯҳсори мо, акоҷон,
Зи ҷӯши чашмасори мо, акоҷон!
Салом аз модари як по лаби гӯр,
Ки аз дурии фарзанд аст ранҷур.
Салом аз ҷӯйбору ҳар ниҳоле,
Салом аз хоҳари ошуфтаҳоле.
Шуморо нест вақти нома хондан,
Суханро мекунам кӯтоҳтар ман.
Вале мехостам, баҳри савобе
Бигирам бар ҳамин хат як ҷавобе.
Ба фикрам, шаҳр хело дилпазир аст,
Ҳама кунҷу канораш беназир аст.
Фаровон аст ҳар чизе, ки хоҳӣ,
Фақат коғаз набудасту сиёҳӣ!
Агар хоҳед, аз ин ҷо фиристам,
Сипас ман интизори нома истам.
Каме инсоф ҳам даркор, охир,
Тамоман модарам нотоб ҳозир.
Заифу лоҷаранду бемадоранд,
Фақат дидоратонро интизоранд.
Асо дар даст то қишлоқи поён
Раванд он кас ба истиқбол, акоҷон.
Чӣ мешуд, ки шумо боре биёед
Ва модарро ба ин шодон намоед?!
Ҳамин модар шуморо тарбият кард,
Ҳамин модар ба ҷони хеш парвард.
Шумо олуфтаи шаҳред акнун,
Намепурсед "ҳоли модарам чун?"
Агар дар дил ягон эҳсос доред,
Хулоса аз суханҳоям бароред!
Магар ишқи ягон маҳрӯи шаҳрӣ
Шуморо кард аз қишлоқ қаҳрӣ?
Агар Афзал ако ҳар бор оянд,
Ба назди модарам ҳатман дароянд.
Шумо боқии гап пурсед аз он кас!
Дар ин ҷо нуқта мемонам. Сухан бас..."
Саҳнаро хомӯшии ҳузноваре фаро мегирад. Мурод аз хиҷолат сар бардошта наметавонад. Роҳат дар даст мактуб шах шуда мондааст. Баъди лаҳзае вай хатро ғиҷим карда, ба тарафи Мурод мепартояду тозон ба хона даромада меравад. Мурод хатро аз замин бардошта, саросема "Роҳат, Роҳат!" гӯён аз паи ӯ медавад...
Охири намоиш