НАМОИШИ ЯКУМ
Намуди деҳаи кӯҳистон. Як тараф теппа. Аз паҳлӯяш роҳ мегузарад. Дар баландӣ Модар нишастааст. Вай хомӯш. Чашмонаш ба роҳ дӯхта шудаанд. Аз паси саҳна овози Хор шунида мешавад. Ин овоз ҳолати Модарро инъикос мекунад. Як нафар аз Хор сатрҳои зеринро мехонад:
Асоси қисмати одам ту ҳастӣ,
Тамоми ҳастии олам ту ҳастӣ!
Ту, охир модарӣ, номат азиз аст,
Тамоми ҳарфу пайғомат азиз аст.
Ба олам қаҳрамонон додаӣ ту,
Бузургони ҷаҳонро зодаӣ ту.
Агар фарзандҳо қадрат бидонанд,
Туро дар курсии заррин нишонанд...
Модар оҳи вазнине мекашад ва ба атрофаш назар мекунад. Аз ҷояш мехезаду ба пеш, ба як нуқтаи дуре беҳаракат чашм медӯзад. Мусиқии вазнине садо медиҳад. Вай суруди худро месарояд...
Суруди Модар:
Нишастам дар сари роҳат, ҷигарбандам, биё боре,
Ки аз дурии ту дорам ба ҷонам ғуссаву хорӣ.
Напурсӣ то ба кай аз ҳоли модар, ки ғуломи туст,
Мушарраф кун маро, як рӯз ҳам бошад, ба дидоре.
Умеду орзӯям – ҳастию хушбахтиат бошад,
Биё боре бари ин модари як умр ғамхоре.
Шабамро бо хаёлат бигзаронам, рӯз бинмоям,
Ва рӯзамро намоям шом ман бо дидаи чоре.
Гули бишкуфтаи боғи муроду муддаои ман,
Туро пазмонам аз ҷонам, биё боре, биё боре!..
Модар чанд қадам ба пеш мегузарад. Пас болои санги рӯи роҳ менишинад. Як асбоби мусиқӣ ҳолати ӯро инъикос карда меистад. Модар пас аз хомӯшие дар фони мусиқӣ ба гап медарояд:
Ман акнун бемадору хаста ҳастам,
Ба ёдаш рӯзу шаб пайваста ҳастам.
Зи маҳҷуреш доим ашк резам,
Гаҳе оям ба худ, гоҳе ситезам.
Варо дар ҷони худ парварда будам,
Ба дил ман орзуҳо карда будам.
Расад бар воя, ботадбир гардад,
Асои пирии ин пир гардад.
Набошад ин дами бишкуфтани ман,
Намеояд барои дидани ман.
Равам, аз заъфи пирӣ тарс дорам,
Мабодо дар раҳурӯ ҷон супорам.
Наход, охир, Муроди ман дигар шуд?
Кунун дар шаҳр шахси мӯътабар шуд?
Ҳамин қишлоқи кӯҳӣ зодгоҳаш,
Аз ин ҷо ибтидо гардид роҳаш,
Намеояд, намедонад, ки пирам,
Намебинад, агар ногаҳ бимирам.
Намебинам магар ман тӯи ӯро?..
Бубинам, кош, ҳоло рӯи ӯро!
Аз дур ғурриши мошин ба гӯш мерасад. Чеҳраи Модар кушода мешавад. "Омад! Омад!.." – гӯён саросема аз саҳна баромада меравад. Аз тарафи дигар Латофат ба саҳна дохил мешавад. Дар пеши бараш як даста газетаву журнал дорад. Вай касеро меҷӯяд...
Латофат (Худ ба худ). Дар ин ҷо ҳам нестанд... Куҷо рафта бошанд?! Оҳ, модарҷонакам! (Дар як гӯша менишинад. Мусиқии суруд садо медиҳад. Латофат месарояд).
Нағмаи поки сурудам, модарам,
Мавҷи дарёи вуҷудам, модарам.
Ҳастии ман, тору пудам, модарам,
Шавкати буду набудам – модарам.
Аз Шумо боғу баҳори ман шукуфт,
Субҳу шоми рӯзгори ман шукуфт.
Хотири умедвори ман шукуфт,
Меҳри пайғому дурудам, модарам.
Роҳ мепоед ҳар шому саҳар,
Чашматон чор аст дар роҳи писар.
Як писар аз ҳоли модар бехабар,
Бар фалак печид дудам, модарам.
Номае кардам ба номи вай равон,
Бошад ақлаш, мебиёяд дав-давон...
Дӯст медорам Шуморо ман зи ҷон,
Кӯҳсори хушнамудам, модарам!
Вақти байти охирро хондани Латофат Модар аз роҳи рафтааш пайдо мешаваду гӯш мекунад. Латофат ӯро намебинад. Ҳамин ки суруд хотима ёфт, модар омада духтарашро оғӯш мекунаду мебӯсад.
Модар. Ҷони модар фидои ту шавад. Ин қадар ҳам ту маро нағз мебинӣ!..
Латофат. Модарҷонакам, барои чӣ боз ин ҷо омадед?.. Ман нагуфта будам, ки...
Модар. Гуфта будӣ, духтари ширинам. Аммо дилам гувоҳӣ дод, ки имрӯз акоят меояд...
Латофат. Дидед, ки наомад.
Модар. Ҳа, наомад. Мошин омаду вай наомад.
Латофат. Писаратон моёнро тамоман фаромӯш кардагӣ... Се сол мешавад, ки барои дидани Шумо намеоянд.
Модар. Ин тавр нагӯй, духтарҷон. Вай омади кор-дия. Вақташ нест.
Латофат. Эҳ, модари соддаи ман!.. Дилашон мекашид, ҳазор маротиба вақт меёфтанд. Мо, охир, ду модар надорем-ку!.. Шумо ҳамеша тарафи акоямро мегиред. Гардед, хона рафтем.
Модар. Камтари дигар дар ҳамин ҷо шинем. Мегӯянд, ки боз як мошини дигар дар роҳ будааст.
Латофат. Сад мошини дигар дар роҳ бошад ҳам, акоям дар роҳ нестанд... Он кас меомаданд, аввал хабар медоданд.
Модар. Ба ҳар ҳолат то ҳамон мошин омадана меистодем...
Латофат. Ба Шумо чӣ ҳам гуфта метавонам. Хайр, майлаш.
Латофату модар дар баландӣ менишинанд.
Модар. Духтарам!
Латофат. Лаббай...
Модар. Бо ту як маслиҳат доштам.
Латофат. Марҳамат, модарҷон!.. Вай чӣ маслиҳат будааст?!
Модар. Ман хуб хаёл кардаму ба ҳамин хулоса омадам, ки акоятро аз ҳамин қишлоқамон хонадор кунем. Духтарони нағз бисёр. Сонӣ, акоят ҳам тез-тез меомадагӣ мешавад... (Латофат бо диққат суханони модарро гӯш карда, ба хаёл фурӯ меравад). Худоро шукр, ки тӯққуз ҳам тайёр... Дар назди дӯсту душман шарманда намешавем... Насиб бошад, як тӯи калони чор кас медидагӣ мекунем... Ту бо фикри ман розӣ ҳастӣ?
Латофат (Ба худ омада). Он кас розӣ намешаванд.
Модар. Дукаса шуда розӣ мекунонем-дия.
Латофат. Назарашон духтари қишлоқӣ-я мегирифта бошад?!
Модар (Хандида). Худи акоят куҷоӣ?
Латофат. Қишлоқӣ буданду шаҳрӣ шуда монданд. Ман аз шаҳриёни навбаромад метарсам...
Модар. Натарс, духтарам! Ҳамин ки омад, мо масъаларо ба пешаш мегузорем. Мегӯем, ки агар моро гӯӣ – розӣ шав!.. Наход гапи модарашро ба замин монад?! Мана, писари Савлатбегим аз ҳамин ҷо омада зан бурд. Акнун ҳар тобистон дар ҳамин ҷо омада дам гирифта мераванд. Ҳамаи хешу таборашон хурсанд... Моён ҳам хурсанд мешавем, духтарҷон!..
Латофат. Бигузор, фариштаҳои раҳгузар омин гӯянд... Биёед, меравем. Дигар мошин наомад.
Модар. Камтари дигар истем. Дилам гувоҳӣ дода истодааст.
Латофат (Дилтанг шуда). Дер шуд. Намеоянд… (Ғурриши мошин ба гӯш мерасад).
Модар (Болида). Ана, нагуфтам!..
Латофат. Шумо истед, ман рафта хабар мегирам... (Меравад).
Модар (худ ба худ). Муроди ман, умеди ман... Ту ҳам калон шудию... Ту ҳам кордон шудию... Фақат модаракатро мокуи сари роҳат карда мондӣ!.. Ба ҳаминаш ҳам шукр… Ту ҳастию ман интизор мешавам. Кошки ҳозир омада бошӣ. Дар назди хоҳарат забондарозӣ мекардам... (Чанд қадам ба пеш мегузораду нигоҳ мекунад). Не, ту наомадӣ... Дилам барои Афзал гувоҳӣ дода будааст. Вай ҳамеша маро хабар мегирад. Хоҳарзодаам меояду фарзанди худам... ҳайҳот!..
Латофат ҳамроҳи Афзал дохили саҳна мешавад. Афзал тозон назди холааш меояд, хола ӯро навозиш мекунад. Латофат бо меҳр ин манзараро тамошо менамояд.
Афзал. Ассалом, холаҷон.
Модар. Холаат садқаи ту шавад, салом. Биё, биё! Хуш омадӣ!
Афзал. Боз ба сари роҳ баромадед?
Модар. Дардат ба ҷонам, интизори ту будам.
Афзал (Хандида). Не, не... Шумо сари роҳи Мурод баромадеду ман омада мондам. Ҳамин тавр не, Латофат?
Латофат. Барои модарам ҳардуи шумо як одам ҳастед.
Модар (Аз ҷавоби духтараш шод шуда). Ҳа, ҳа, Афзалҷон, хоҳарат рости гапро гуфту монд... Модару додаронат саломат ҳастанд?
Афзал. Ҳамаашон шумоёнро мепурсанд. Ягон рӯз шуморо худам назди онҳо мебарам-дия...
Модар. Раҳмат! Аз Муроди мо чӣ хабар дорӣ?
Афзал (Саросема мешавад). Мурод... Мурод нағз буд... Ин омадани ман аз Ленинобод, холаҷон. Дар ин байн вай худаш хат кардагист!?
Латофат (Кинояомез). Мегӯянд, ки дар Душанбе қаламу коғаз набудааст...
Афзал. Пеш аз ба роҳ баромадан ман аз Ленинобод ба номи Мурод се вагон фиристода будам. Ҳоло нарасидааст-дия. (Механдад). Ӯббо, Латофатҷоне... Ҳаргиз аз киноя кардан намемонед.
Модар. Ба сари роҳ баромадани ман ҳам ба вай маъқул намешавад... Афзалҷон, рангу рӯи Мурод дуруст буд, охир?
Афзал. Тамоман фарбеҳ шуда рафтагӣ.
Модар. Як меомад. Сарашро ҷуфт мекардем, дигар дар дилам ҳасрат намемонд...
Афзал. Сараш ҷуфт...
Латофат. Чӣ-ӣ?
Афзал (Худро ба даст гирифта). Сараш ҷуфт шавад, ақлаш медарояду тез-тез хат менавиштагӣ мешавад.
Модар. Ҳа-а.
Латофат (Кунҷковона). Шумо зан гирифтед?
Афзал. Ҳоло не. Ман ба тӯи Шумо интизор ҳастам. Аввал ман дар тӯи Шумо то даридани пардаи гулӯ суруд хонам, баъд Шумо ҳам дар тӯи ман то аз пой афтодан рақс мекунед!
Латофат (Хиҷолат кашида). Шумо дар тӯи акоям суруд хонеду ман дар тӯи Шумо рақс кунам.
Афзал. Ман фақат дар тӯи Шумо суруд мехонам. Домод аз хизмат баргашта ояд, мебинед, ки Шоҳ-Афзал ҳам ба хизмат миёнро сахтакак баста меояд...
Модар. Дар тӯи Мурод суруд намехонӣ?
Афзал. Дар шаҳр ҳофизон бисёр, хола.
Модар. Мо ӯро аз ҳамин ҷо хонадор карданӣ ҳастем, ки зодгоҳашро фаромӯш накунад. Чи мешавад, ки ту ҳозир ҳамон сурудро хонию баъд Латофат рақс кунад... То ман худамро як лаҳза дар тӯи Мурод ҳис кунам?!
Афзал (Табассум карда). Бисёр хуб мешавад... Ман донистагӣ барин пагоҳӣ қаймоқчой хӯрда будам. Ҳар чӣ бодободу Шумо хурсанд бошед, холаҷон. Латофатҷон, Шумо иҷозат медиҳед?
Латофат. Марҳамат, Афзал-ако! (Оҳанги шӯх баланд мешаваду Афзал суруд мехонад).
Суруди Афзал:
Тӯёна ба ҳар тӯе,
Гулдастаи нав бандам,
Гулдастаи хушбӯе
Аз обу алав бандам.
Ҳо, ҷӯраи машшоқам,
Машқи саратро бинвоз.
Бар сози ту муштоқам,
Оҳанги зафар бинвоз.
Медонӣ, ки соҳибтӯй
Ҷон-холаи ман бошад.
Инро ба Муродаш гӯй,
Зар бар сари ӯ пошад!
Ман садқаи номи ту,
Эй холаи раҳпоям.
Нашнида паёми ту,
Бар сӯи ту меоям.
Хоҳам, ки бубинӣ ту
На дарду на офатро.
То бинӣ ту аз ҳар сӯ
Толеи Латофатро!
Тӯёна ба ҳар тӯе
Гулдастаи нав бандам.
Гулдастаи хушбӯе
Аз обу алав бандам!
Модар. Музди ин сурудат гӯсфанд кушам ҳам кам аст...
Афзал. Гӯсфандро, холаҷон, дар тӯи Латофат мехӯрем.
Латофат. Афзал ако!
Модар. Дар тӯи Мурод, гӯй.
Афзал. Фарқаш чӣ? Барои ман тӯй бошад... шуд. Акнун навбати рақси Латофат... Канӣ, як ҳунаратонро бинем!
Латофат. Рақси маро дар ҳавлиамон мебинед.
Модар. Як хурӯси калон дорам. Ҳамонро ҳозир рафта мекушему сонӣ...
Афзал. Раҳмат, холаҷон. Ман вақти зиёд надорам. Мо ҳозир ба Зартуч рафта истодаем. Мурғбирёнро аз бозгашт мехӯрам...
Латофат. Ин чӣ хел мешавад?
Афзал. Шариконам интизор. Худатон дидед-ку... Дар Зартуч кӯҳканони мо кони нав ёфтаанд. (Аз паси саҳна овози: "Афзал, ҳой Афзал" шунида мешавад. Ба ҳамон тараф) Ҳозир!.. Ана, маро даъват мекунанд.
Модар. Аз бозгашт албатта дароед!
Афзал. Албатта медароям.
Латофат. Мабодо гузашта наравед?!
Афзал. Медароям. Аз кони Зартуч ҳикоят мекунам. Рақси насиямондаро ҳам тамошо карда, баъд ба Душанбе меравам (Равон мешавад).
Модар (Беихтиёр). Муроди маро пурсида монед...
Афзал. Ҳоло ман ба хонаатон меоям-ку... Ҳа, воқеан, дар газетаи имрӯза сурати Мурод ҳаст. (Овоз такрор мешавад: "Афзал, ҳой Афзал!") Ҳозир... Рафтам!.. Саломат бошетон! (Меравад).
Латофат (Аз паи ӯ) Шумо ҳам саломат бошед.
Модар. Латофатҷон, зудтар газетро бин!
Латофат. Ин газетаҳои дирӯза.
Модар. Дав!
Латофат. Куҷо давам?
Модар. Аз паи Афзал дав! Газеташ будагист! (Латофат тозон аз саҳна мебарояд. Ғурриши мошини раванда ба гӯш мерасад) Оҳ, нарасонд... Сурати баччекам-а медидам-а... Кошки намегуфт... Дар ҷамоати мо газетро як рӯз дер меовардаанд. Ҳайф... Сад ҳайф!..
Дар ин асно Латофат газетаеро тамошокунон меояд. Чеҳраи модар мешукуфад. Газетаро аз дасти Латофат чанг зада мегираду хуб зеҳн мемонад. Модар гӯё об мешавад. Сарашро баланд бардошта бо фахр ба зал менигарад. "Худди худаш... Муроди ман!" – гӯён, газетаро оҳиста-оҳиста болои дилаш пахш мекунад. Латофат ин рафтори модарашро лаб газида тамошо мекунад.
Охири намоиш.