Файзулло Ансорӣ
(1931-1980)

Буттаи гул -

СУРУДИ ТОҶИКИРО ЁД КАРДАМ



Суруди тоҷикиро ёд кардам,
Шудам пазмони овозу навоят!
Диламро бо хаёлат шод кардам,
Куҷо шуд нағмаю созу ҳавоят?

Биё, боре суруди тозае хон,
Ки болад ҷонам, осояд дили ман.
Давои дарди ман мегашт осон
Хабар ёбӣ агар аз мушкили ман.

Барои ту, барои ман, азизам,
Замону давраи нек офариданд.
Миёни халқҳои рӯи олам
Яке – бо номи Тоҷик офариданд.

Агар лозим шавад, бо номи ин халқ
Супорам ҷон, ба ҳар ҷаҳду талоше,
Ба номи Рӯдакӣ, Хайёми ин халқ
Сазад, ки одами шоиста бошӣ!

Ба ҷонам, халқи худро дӯст дорам,
Ки аз меҳраш дилам бошад фурӯзон.
Тамоми ҳастию ишқу баҳорам
Бақодор аст андар ҳастии он.

Касе, ки дӯст дорад халқи худро,
Ба халқи дигаре ҳам меҳр бандад.
Шавад пазмон агар бар кӯҳу дарё,
Сафои бешаҳоро ҳам писандад.

Буванд асбоби як оркестри зӯр
Ҳама халқи Ватан – халқи зафарёр.
Тамоми торҳои он ба ҳам ҷӯр,
Ба он Партия мебошад дирижёр.

Дар ин оркестр сози ту ҳам ҳаст,
Азизам, хотирамро шод кардам!..
Садои дил ба тори меҳр пайваст:
Сурудатро?..
Худатро ёд кардам!





« Бозгашт | МУНДАРИҶА | Идома »