Файзулло Ансорӣ
(1931-1980)

Шеърҳо -

ЗИНДА БОДО КОРГАР



Ман сурудамро ба номи коргар бахшиданӣ,
Бар зану марди далеру боҳунар бахшиданӣ.
Дар тамоми ҷабҳа бинам нақши дастони варо,
Ки барояш на суруде, балки сар бахшиданӣ.

Нораки овозадор аз қудрати дастони ӯст,
Регару Ёвони мо ҳам ҳосили паймони ӯст.
Ҳар нахи абрешимин, ки мешавад бар мо либос,
Нури чашми коргар ҳам риштаҳои ҷони ӯст.

Равшании хонадони мо зи дасти коргар,
Обу ободиву нони мо зи дасти коргар.
Зинда бошад синфи болодасту нусратофарин,
Ки бақои ин ҷаҳони мо зи дасти коргар.


« Бозгашт | МУНДАРИҶА | Идома »