Файзулло Ансорӣ
(1931-1980)

Шеърҳо -

ДАР ВАТАН ИДИ САОДАТ ИМРӮЗ



Ин диёри сараи мост сара,
Ҳамаи умр аз он меболем.
Аз сафои ҳама водиву дара,
Ростӣ, аз дилу ҷон меболем.

Дар Ватан иди саодат имрӯз, –
Ибтидои ҳамаи ҳастии мост.
Мо аз ин ид ҳамеша фирӯз,
Чун сарахбори забардастии мост.

Дӯстон, ёди шумо бод бахайр,
Сидқро дар дилатон ҷо кардед.
Шарафи хонаи обод бахайр,
Ки ба сад азм ба каф овардед.

Иди Октябр аҷаб иди накӯст,
Сарбаландем аз ин рӯзи саид.
...Пахтакорони басо чобуку чуст,
Ба шумо бод муборак ин ид...


« Бозгашт | МУНДАРИҶА | Идома »