Файзулло Ансорӣ
(1931-1980)

Шеърҳо -

СОҲИБОНИ РОҲИ КӮҲИСТОН ШУМО

(Суруд дар авсофи ронандаҳо)

Коратон, рафторатон, ронандаҳо,
Боиси хурсандии мо ҳар куҷо!
Касбатон бар ҷамъият бошад зарур,
Соҳибони роҳи кӯҳистон шумо!

Месароед аз вафо:
– Роҳҳо, эй роҳҳо!

Хизмати халқу Ватан бар дӯшатон,
Ҳарфи Партия фақат дар гӯшатон.
Роҳҳои мулки мо дар печутоб,
Ки шумо донеду донад ҳушатон.

Месароед аз вафо:
– Роҳҳо, эй роҳҳо!

Мулки моро нек-фарзандон шумо,
Мардуми шоистаи даврон шумо.
Субҳатон бошад муборак дар сафар,
Соҳибони роҳи кӯҳистон шумо!

Месароед аз вафо:
– Роҳҳо, эй роҳҳо!


« Бозгашт | МУНДАРИҶА | Идома »