Файзулло Ансорӣ
(1931-1980)

Шеърҳо -

БИНВОЗ РУБОБАТРО

(Таронаи духтарони рубобнавоз)

Моён ҳама ҳастем ҳаводори рубоб,
Дилбастаи нағмаҳои саршори рубоб.
Дар шаъни диёру халқи бебоки диёр
Оҳанги вафо барояд аз тори рубоб.

Бинвоз рубобатро,
То дил ба хурӯш ояд.
Сад боғ аз он рақсад,
Сад чашма ба ҷӯш ояд.

Дар хизмати мардумони кор омадаем,
Бо санъати худ ба ифтихор омадаем.
Оҳанги вафо гирифта дар тори рубоб,
Дар саҳна чу ҳусни навбаҳор омадаем.

Бинвоз рубобатро,
То дил ба хурӯш ояд.
Сад боғ аз он рақсад,
Сад чашма ба ҷӯш ояд.

Дар тори вафо, ки бевафоӣ набувад,
Моро зи диёри мо ҷудоӣ набувад.
Ҳар ҷо биравем агар, ба ҷуз меҳри Ватан
Дар ҳастии мо дигар навое набувад.

Бинвоз рубобатро,
То дил ба хурӯш ояд.
Сад боғ аз он рақсад,
Сад чашма ба ҷӯш ояд.


« Бозгашт | МУНДАРИҶА | Идома »