Файзулло Ансорӣ
(1931-1980)

Шеърҳо -

ТАРОНАИ ДУХТАРИ КОЛХОЗ



Соҳиби ин рӯзи нек-осор ман,
Толиби фардои ишқу кор ман,
Тоҷикистонро ба ҷон дилдор ман,
Зодаи даврони нусратёр ман, –

Боғу роғу киштзори ман хуш аст,
Киштзори пурбарори ман хуш аст.

Ғаллаи ман, пахтаи ман дилнишин,
Пиллаи ман шуд нахи абрешимин.
Сарбаландии маро ҳар сӯй бин,
Коруборам ҳаст танҳо бо замин.

Боғу роғу киштзори ман хуш аст,
Киштзори пурбарори ман хуш аст.

Дар дили саҳрои хушҳосил манам,
Дар вуҷуди ин баҳорон дил манам.
Дида ноомад – ба рӯи қил манам,
Омаде дорам, – ба ҳар манзил манам.

Боғу роғу киштзори ман хуш аст,
Киштзори пурбарори ман хуш аст.


« Бозгашт | МУНДАРИҶА | Идома »