Файзулло Ансорӣ
(1931-1980)

Шеърҳо -

ДАР КАФИ МО ДОМАНИ САЙЁРАҲОСТ



Субҳи нав файзи наве меоварад,
Бар дили мо партаве меоварад.
Аз барои толибони илму фан –
Хоҳиши болоравӣ меоварад.

Сӯи донишгоҳ
Мо қадам занем.
Ҷониби пагоҳ
Мо қадам занем.

Мо ҳама доништалаб мардони нек,
Соҳибони инчунин даврони нек.
Орзу дорем то гӯяд Ватан:
Шодмонам ман зи фарзандони нек.

Сӯи донишгоҳ
Мо қадам занем.
Ҷониби пагоҳ
Мо қадам занем.

Аз падарҳо шоду миннатдор мо,
Чун аз онҳо – содиқи ҳар кор мо.
Дар кафи мо домани сайёраҳост,
Бар ҳама амри Ватан тайёр мо.

Сӯи донишгоҳ
Мо қадам занем.
Ҷониби пагоҳ
Мо қадам занем.


« Бозгашт | МУНДАРИҶА | Идома »