Файзулло Ансорӣ
(1931-1980)

Шеърҳо -

ОСМОНИ КИШВАРИ МО СОФ БОДО ҶОВИДОН!

(Таронаи ҷавонон)

Осмони кишвари мо соф бодо ҷовидон,
Офтоби ин сари мо бод доим нурфишон.
Матлаби мо дӯстиву сулҳу осоиш бувад,
Мақсади мо рангу бӯи тозаи рӯи ҷаҳон!

Мо ҷаҳони тозаем,
Мулки хуш-овозаем!

То намояд дар назарҳо кишвари мо хушнамуд,
Обуранги тоза мебахшем бар ҳар як суруд.
Дасту бозӯи матин дорем, кори мо сара,
Сархати иқболи мо аз Ленин омад бар вуҷуд.

Мо ҷаҳони тозаем,
Мулки хуш-овозаем!

Тоҷикистон як канори сарзамини бебаҳост,
Дӯстии халқҳо дар мулки моён пурзиёст.
Сарбаландем аз дили покизаи халқи диёр,
Субҳи истиқболамон бо халқамон беинтиҳост!

Мо ҷаҳони тозаем,
Мулки хуш-овозаем!


« Бозгашт | МУНДАРИҶА | Идома »