Файзулло Ансорӣ
(1931-1980)

Шеърҳо -

ДАВЛАТАТ ОБОД БОД, ЭЙ КОРГАР



Дӯст дорам ман дили поки туро,
Чашми оташбору бебоки туро,
Дасту бозӯи зафарноки туро,
Беғашии фазлу идроки туро, –

Бар сарат тобанда хуршеди мурод,
Ман ба ҳар азми ту дорам эътиқод.

Ман туро бинам миёни дӯстон
Ханда дар лаб, ишқ дар дил, хушзабон,
Бо ҳама ҳастӣ аҷоиб меҳрубон,
Фахр дорам бо ту ман аз мағзи ҷон,

Бар сарат тобанда хуршеди мурод,
Ман ба ҳар азми ту дорам эътиқод.

Нест дар қалби ту ҳаргиз кинае,
Ҳаст дар ту софии оинае,
Қуллаҳоро карда бар худ зинае, –
Мерасӣ бар мақсади деринае.

Бар сарат тобанда хуршеди мурод,
Ман ба ҳар азми ту дорам эътиқод.

Давлатат обод бод, эй коргар,
Рӯзгорат шод бод, эй коргар,
Дасти ту пӯлод бод, эй коргар,
Мақсадат – эҷод бод, эй коргар...

Бар сарат тобанда хуршеди мурод,
Ман ба ҳар азми ту дорам эътиқод.



« Бозгашт | МУНДАРИҶА | Идома »