Файзулло Ансорӣ
(1931-1980)

Шарофат -

ХАЁЛИ МУРОД



Муроди қадрдони мо
Нишаста яккаву танҳо.
Саволе медиҳад бар худ,
Намеёбад ҷавобаш зуд.
Ба дафтар чашм медӯзад,
Ки аз он то биёмӯзад.
Валекин дафтараш холист,
Саволашро ҷавобе нест.
Ба мактаб рафтанӣ мешуд,
Ки рӯзи истироҳат буд.
"Чӣ бояд кард? " мегӯяд,
Барояш роҳ меҷӯяд.
Сараш пур аз хаёле буд,
Ки дар дил як саволе буд.
Баромад ӯ сари роҳе,
Бишуд бар ҷонибе роҳӣ.
Ба ҷояш ногаҳон истод,
Гиреҳбанде магар бикшод?
"Муаллим Одилии мо
Кушоянд ин муамморо!
Равам бар наздашон ҳозир?
На! Рӯзи дамгирист, охир.
Бигӯяндам мабодое:
Чӣ мешуд, ки пагаҳ оӣ?"
Чунин гуфту зи роҳаш гашт,
Лаби ҷӯ омаду биншаст.
Лаби ҷӯ сабзаҳо раста,
Вазон бод аст оҳиста.
Чӣ боди анбарафшон аст,
Аз он ҳар сабза рақсон аст.
Дар он бӯи ҳазорон гул,
Ҳазорон лолаву сунбул,
Ба ҳам омехтаст аъло,
Ки дорад бӯи беҳамто.
Дар ин боде, ки аз кӯҳ аст,
Фаровон нашъаю рӯҳ аст.
Вазон аст он, вазон аст он
Зи боғу роғи кӯҳистон.
Вазад он қад-қади дарё,
Ки роҳӣ гашта бар саҳро
Ба бӯи дашт омезад,
Ба шаҳр аз он сипас резад.
Намояд роҳате чандон,
Касе, ки бӯ кашад аз он.
Дар он бӯи ҳазорон гул,
Ҳазорон лолаву сунбул,
Ба ҳам якҷоя меояд,
Ки табъи дӯст бикшояд.
Лаби ҷӯ, сабзаҳо рақсон,
Табиат хурраму хандон.
Муроди мо, Муроди мо
Нишаста яккаву танҳо.
Қароре доду аз ҷо хест,
Равон шуд бо раҳе беист.
Ба боғи Одилӣ омад,
Дари ҳавлии ӯро зад.
Паси дар бо хаёл истод,
Ки дарро баччае бикшод.
– Муаллим дар ҳамин ҷоянд?
– Бале, дар байни гулҳоянд.
Мурод он сӯй моил шуд,
Муродаш, гӯӣ, ҳосил шуд.
Муаллим Одилӣ хурсанд
Ниҳоле мекунад пайванд.
Муроди мо саломе дод,
Сипас як дам хамӯш истод.
Муаллим Одилӣ чаққон
Бишуд аз ҳоли ӯ пурсон:
– Биё, аълочии хониш,
Биё, эй булбули дониш.
Саволат ҳаст, медонам,
Бигӯ, ҷонам, ки фаҳмонам.
Набошад гар саволи ту,
Наойӣ ҳеҷ бар ин сӯ…
– Маро маъзур медоред,
Шумо машғул бо коред.
– Барои ту, азизи ман,
Ҳамеша вақти ман холист.
Ҷавобе бар гапат додан,
Ба ман ҳар лаҳза хушҳолист.
Ба ҳам шогирду устоде
Нишаста дар сари воте,
Ба сӯҳбат шуғл бинмуданд,
Ду тан бо фикри худ буданд.
– Чаро дар давраи хушнуд
Бувад мавҷуд ҳабсу суд?
Мурод ин сон саволе кард,
Муаллим ҳам хаёле кард.
Ҷавоби ин-ку осон буд,
Хаёли ӯ на аз он буд.
Намепурсид аз ин пеш,
Гапе дорад чунин пурсиш.
– Азизам, бар саволи ту
Саволе медиҳам ман ҳам.
Бигӯ, ин ки ба фикри ту,
Ҳама хубанд дар олам?
– Муаллимҷон, диёри мо
Тамоман олами дигар.
Набояд, ки баде бошад
Дар оғӯши чунин кишвар.
– Бале, ҷонам, чунин бояд,
Ки ин фикри замони мост.
Валекин кӯҳнапарварҳо
Кунанд, охир, гунаҳ нохост.
Барои ибрати мардум
Шаванд он одамон маҳкум.
Биёрад ҳукми худ бар ҷо,
Адолатхоҳ суди мо.
Бувад мавҷуд он маҳбас –
Ба ҳар дузду ба ҳар нокас…
Вале дар давраи коммун
Тамомаш мехурад барҳам,
Дар он дам суд бинмояд
Худашро ақли ҳар одам.
Бигӯ, ки бар сарат, ҷонам,
Чаро ин сон савол омад?
– Намедонам, муаллимҷон,
Худ аз худ дар хаёл омад.
Шарофат буд дар фикрам,
Дадои вай, ки маҳбусест,
Аҷаб не, ин савол аз он
Зи мағзи майнаи ман хест.
– Бале, ман ҳам гумон кардам,
Ки аз ин рӯ парешонӣ.
Дадояш буд завхозу
Камомад кард, медонӣ…
– Муаллимҷон, Шумо гӯед,
Чӣ мешуд бо Шарофатҷон?
Магар як сол мемонад?
Барои ин манам ҳайрон.
Дар ин ҷо буд, дарсашро
Ба ҳам тайёр мекардем.
Кунун дар шаҳр ӯ, моён
Ба ин андеша мегардем.
– Биёяд, мо ҳама яктан
Нагардем аз мадад кардан.
Супорад имтиҳонаш зуд,
Намемонад ба синфи худ…
Мурод оҳиста аз ҷо хест,
Ташаккур гуфт бар устод.
Вале дар роҳ фикри нав
Варо пайваста ғам медод.



« Бозгашт | МУНДАРИҶА | Идома »