АБДУЛХАМИД САМАД
ПАЙРОҲАИ МЕҲР
Барги сабзе ба ёди Файзулло Ансорӣ
Масти шароби ишқ
Ба хиёбони пургули сухан,
Ансорӣ меравад ба нармӣ
чу ҷони як чаман.
Аз «Имтиҳон»-и ишқ ба чи шӯру иштиёқ
Фарҳодвор қадам бизанад бо сари баланд.
Пайроҳае кушод ба як саҳнаи ҳунар
Аз баҳри ташнагони меҳр –
мардони дилписанд...
Эшон зи ҳизби ишқ буд –
обу гилаш зи ишқ,
Мерехт аз лабони ӯ ҳарфу дуруди ишқ.
Бо нағмаву чағонаи устод Рӯдакӣ
Бо савти обшор зи кӯҳсори Некнот.[1]
«Дар забони миллати ман ишқ
ин покизагист,
Ҳар кас ин маъно нафаҳмад – одами покиза нест».[2]
Шӯри Зарафшон ганҷи дил,
Дарду алам дар сина пур...
Ҳеҷ кас нафаҳмид ногаҳон
Аз каф равад ӯ ҳамчу дур.
Розаш аён чун бӯи гул,
Пайроҳи меҳраш ҷовидон.
Дар қуллаи Некноти худ
Хуфта чу ганҷи шойгон...
1999.