Файзулло Ансорӣ
(1931-1980)

Хотираҳо -

МЕҲМОН БАХТӢ

Файзулло Ансорӣ

     Файзулло Ансорӣ зодаи деҳаи Некноти ноҳияи Панҷакент аст. Ӯ ин деҳаи хурдакакро дӯст медошт, дар оғӯши Некнот ба дунё омад, боз гашта-гашта ба оғӯши деҳааш омад ва хешро абадӣ ба оғӯши хоки он супорид. Дар васфи деҳааш мегӯяд:

Дар бори кӯҳ чун муҳаббати соф,
Ки дар оғӯши дил шавад ҷойгир.
Ҷой бигрифтааст деҳаи ман,
Деҳаи хурдакаки назарногир…
Гарчи имрӯзҳо барои ман
Шаҳр оғӯши гарм бикшодаст,
Лек гаҳвораи ҷавонии умр,
Деҳаи ман, ҳамеша дар ёд оӣ.

     Файзулло Ансорӣ аз Некнот ба мисли қофиласолор баромад, аз пасаш Ҷумъа Одина, Шарофиддин Рустамов, Убайд Раҷаб, Низомиддин Баҳриддинов ва насли нисбатан ҷавон рӯ ба шаҳр ва илму фарҳанг ниҳоданд.
    Аввалин шеъри Файзулло Ансорӣ соли 1948, вақте ки донишҷӯи курси дуюми Донишкадаи омӯзгории пойтахт буд, ба табъ расидааст. Аввалин шуда ӯро ҳамдеҳагонаш, бародараш Қудратхон табрик кардаанд. Сипас ба навиштани шеър ҷиддӣ машғул шуд. Ва шеърҳояш паси ҳам дар матбуот ба табъ мерасиданд. Соли 1954 аввалин маҷмӯааш «Калхот ва Кабӯтар» аз чоп баромад.
    Файзулло Ансорӣ хатмкунандаи омӯзишгоҳи омӯзгории ноҳияи Панҷакент, факултаи забону адабиёти Донишкадаи давлатии омӯзгории шаҳри Душанбе, Курси олии Институти адабиёти ба номи М. Горкийи шаҳри Москва мебошад.
    Файзулло Ансорӣ дар Донишгоҳи омӯзгорӣ, Шӯъбаи гуфторҳо барои мамлакатҳои хориҷа ва адабию драмавии радиои Тоҷикистон, Шӯъбаи «Адабиёти бадеии нашриёти «Ирфон», Шӯъбаи адабӣ- драмавии телевизиони тоҷик фаъолият намудааст. Ӯ дар поёни умр дар Кумитаи давлатии табъу нашр ва савдои китоб кор мекард.
    Дӯстон ва ҳамкорон Файзулло Ансориро ҳамеша ҳамчун инсони пок, дӯсти мушфиқ, заҳматкаш шинохтаанд.
   Файзулло Ансорӣ ҳамчун шоири лирик ба адабиёт қадам гузошт. Ашъораш ҷанбаи ҳаётӣ доштанд. Зуд ба дилҳо роҳ меёфтанд, қаҳрамони лирикиаш аз ҳаёт гирифта шуда буд. Дар лирикаи ӯ садоқат ва вафодорӣ дар ҷои аввал меистад.
    Имрӯз мо 15 китоби шеърҳои шоирро дар даст дорем. Ӯ муаллифи достонҳои «Гулшан», «Шарофат», «Офтоб дар роҳ» ва ғайра мебошад.
    Бояд гуфт, ки Файзулло Ансорӣ дар шеъри нимаи дуюми солҳои панҷоҳум ва шастуми тоҷик рӯҳи тоза овард. Хонандагон дар эҷодиёти ин шоири ҷавон орзу ва шодиҳои хешро меёфтанд. Шеъраш ба дилҳо ҷой мегирифт. Берун аз ҷумҳурӣ баромада, ба забонҳои русӣ, ӯзбекӣ, украинӣ ва дигар халқҳои Иттиҳоди Шӯравӣ ба табъ расид. Ҳамин буд, ки Садорати Шӯрои Олии Белорус ӯро бо «Ифтихорнома» қадр кард.
    Гузашта аз ин Файзулло Ансорӣ дар соҳаи рушди драматургия саҳми арзанда дорад. Соли 1957 ӯ намоишномаи «Имтиҳон»-ро навишта, ба озмуни пӯшидаи ҷумҳуриявӣ пешниҳод кард. Диққати ҳакамонро мавзӯъ, банду баст, баёни шоирона ҷалб кард. Ба драмаи «Имтиҳон» ҷои аввал медиҳанд. Вақте лифофаи номи мустаорро боз мекунанд, ҳама дар ҳайрат мемонанд. Муаллифи «Имтиҳон» шоири ҷавон Файзулло Ансорӣ буд. Ҳамин тариқ «Имтиҳон» ба рӯи Файзулло Ансорӣ театр ва саҳнаро боз кард. Тамошобинон намоиши «Имтиҳон»-ро бо шавқ тамошо мекарданд. Файзулло Ансорӣ илҳом гирифта, драмаи «Ҳаёт ва ишқ»-ро навишт. Ин асар ҳам муваффақият пайдо кард. Пас аз ин адиб драмаҳои «Мебахшед, модар» (1960), «Иҷоранишин» (1961), «Ҳукми модар» (1962) ва ғайраро навишт. Драмаҳои ӯро театрҳои номдори ҷумҳурӣ ва вилоятҳо ба саҳна гузоштаанд. Теъдоди асарҳои драмавияш ба 13 адад мерасад.
    Драмаҳои Файзулло Ансорӣ дар таърихи театр ва драматургияи тоҷик мақоми хос доранд. Драматург асарҳояшро ба ҳаёти ҷавонон, асосан донишҷӯён бахшида, дар ҷои аввал ишқ, дӯстӣ, садоқат ва ҳисси инсониро тараннум мекард.
    Имрӯз ҳам ин мавзӯъҳо кӯҳна нашудаанд. Ба театрҳо зарур аст, ки ба сари драмаҳои Файзулло Ансорӣ баргарданд, асарҳои ӯро аз нигоҳи имрӯзи истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба саҳна монанд.
    Ба фикри банда, вақти он расидааст, ки Институти забон ва адабиёти ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакии Академияи фанҳои Тоҷикистон чопи асарҳои мунтахаб ва куллиёти Файзулло Ансориро омода кунад. Навадсолагӣ ва садсолагии адиби маҳбуб дар пеш аст.

 

 

 



« Бозгашт | МУНДАРИҶА | Идома »