Файзулло Ансорӣ
(1931-1980)

Висол -

Намоиш


Як гӯшаи ҳавлӣ. Дар зери дарахте курсӣ гузошта шудааст. Латиф нишастаасту Тадбир рост истодааст. Маълум мешавад, ки аз нимаи сӯҳбаташон онҳоро мебинем…

Тадбир

Рубоб орам?

Латиф

Чаро?

Тадбир

Як навҳа бардор,
Ки аз ҳар як парда ояд номи Гулзор!

Латиф

Муборакрӯз бошад марди комил,
Ки доим бохабар вай аз ғами дил.

Тадбир

Ту медонӣ…

Латиф

Намедонам, чӣ хоҳӣ,
Ҳамин донистаам, ки некроҳӣ…
Ба мардӣ ҳеҷ тадбире наҷӯӣ,
Фақат аз дӯстиат ҳарза гӯӣ!

Тадбир

Латифи меҳрубон, андеша бинмой,
Магар ман ҳарза мегӯям?

Латиф

Саропой…

Тадбир

Аҷоибхонаи айём дидам,
Ки аз он Латифе ном дидам.
Муборак рӯзгори навҷавонӣ,
Яке шоду яке ноком дидам.
Гили ошиқ зи хоки мӯътабар бод,
Дили ошиқ баҳори гулбасар бод!
Маро чун ҳарзагӯ донистаӣ ту,
Бародар, пуч бувад он пистаи ту.
Худат медонӣ, ки Тадбир номам,
Писанди дӯстон бошад каломам…

Латиф

Ту аз ман бесабаб ранҷида бошӣ.

Тадбир

Намак рӯи ҷароҳат аз чӣ пошӣ?

Латиф

Умеду ҳастиам танҳо ту будӣ,
Валекин ғам ба ҷони ман фузудӣ.
Гумон кардам, ки Тадбир аст номат,
Барои дӯст беҳад эҳтиромат.
Ба макре ҷоми ман дар даст кардӣ,
Сари болобаландам паст кардӣ…

Тадбир

Саропо ишқию девона ҳастӣ,
Ки нобовар шудӣ, ин аст пастӣ.
Агар хоҳӣ, худамро дур гирам,
Ғуборе дар дили ранҷур гирам.
Гурезам аз ту…

Латиф

Ин мардона бошад?

Тадбир

Агар мақсуди соҳибхона бошад.

Латиф

Биё, ин гуфтугӯро як тараф мон,
Расон имдоди худро баҳри инсон!

Тадбир

Гар аз ман бадгумон бошӣ, азизам,
Туро мемонаму худ мегурезам.
Ҳазор афсӯс, ки ҳамраҳ хондем,
Ниҳоли меҳр дар дилҳо нишондем…

Латиф (Гапро дигар тараф мегардонад)

Биёвар он рубоберо, навозам,
Барои дилхушиат чора созам.

Тадбир (Нимҳазлу нимҷиддӣ)

Каси бадрашкро ман нестам дӯст,
Агар ту ошиқӣ, ман нестам, дӯст?

Латиф

Сафои рӯзгори некмоӣ –
Намехоҳад ба ҷони хеш хомӣ.
Каме хоҳам, диламро пухта бинам,
Ба ёди рӯзгори ту нишинам…

Тадбир

Латиф, ман рафтаму дигар наоям,
Зи дур аз бахти ту шодӣ намоям.

Латиф

Магар девонаӣ?

Тадбир

Девона гардам,
Хаёли рашки ту девона кардам…
Ман, охир, кӯдаки бисёр дорам,
Ба Гулзори ту ҳаргиз нест корам.
Вале ту аз дили ман шубҳа бурдӣ,
Худамро одами бадраҳ шумурдӣ…

Латиф

Ба ҳар як ҳолати сахти ёрон
Мадад кардан – шараф бошад ба инсон,
Гапи ҳар раҳгузар бовар намудам,
Ки рафторам ба ту дигар намудам.
Хато аз ман гузашту бахш онро,
Расон бар ҷони ман гулзори ҷонро!

Тадбир

Ман аз буду набудат сӯхтам, дӯст,
Хаёлатро ба ҷон афрӯхтам, дӯст.
Ту олим мешавам гуфтию хондӣ,
Ҳама кори дигар як сӯй мондӣ.
Гули ту як дили танга дорад,
Намефаҳмӣ, ки он хуш янга дорад?!

Латиф

Ба тадбири ту як тадбир созам,
Рубобатро биёвар, ман навозам!

Тадбир

Аҷаб рӯзе… Рубобат мебиёрам,
Пас аз он меравам аз пушти корам.

Тадбир мебарояд. Латиф ғарқи хаёл… Тадбир рубоб меораду ба дасти Латиф медиҳад ва худаш рафтанӣ мешавад.

Латиф

Каме исто!

Тадбир

Намеистам бародар,
Ки бинмоям рахти бахтат муқаррар!

Тадбир меравад. Латиф бо нигоҳаш ӯро мегуселонаду рубобро ба ҷӯр кардан машғул мешавад.

Латиф (Месарояд)

Ку илоҷе, то биёяд дилбари фирӯзи ман,
Он маҳи дилбанди ман, устоди дарсомӯзи ман?!
Гар бимирам дар ғами вай, рози дил ифшо шавад,
Кай тавонад, ки бифаҳмад сози ман ҳам сӯзи ман?
Интиҳое ҳаст ҳар як дарду ғамро ростӣ,
Интиҳое нест бар дарди дили берӯзи ман…

Рубобро ба як гӯша мегузораду худаш ба андеша қадам мезанад, мӯи сарашро парешон карда, боз бо панҷаҳояш шона мекунад. Дар каноре меистаду худ ба худ гап мезанад.

Китоби ишқи ман сад варақ дошт,
Чаро нохондаву як сӯй бигзошт?
Қаду бастам магар… Он бекамукост,
Магар ақлу тамизам паст?.. Барҷост!
Нисори роҳи ӯ дорам ду сад ҷон,
Чаро бар ман надорад лутфу эҳсон?
Ба Тамкини акояш дӯст ҳастем,
Ду ҷони дар таги як пӯст ҳастем!
Фақат… вай бар маҳалтар зан гирифта,
Ҳаёти мустақил бар тан гирифта.
Писарҳояш баробар бо қадаш шуд,
Ки мебошад ҳамеша шоду масъуд…
Мани бечора дорам фикри Гулзор,
Расидан бар висолаш ҳаст душвор.
Магар бар Моҳира инро бигӯям,
Вай охир янгааш… Имдод ҷӯям?!
Ба Тамкин гуфтанам набвад аз одоб
Акояш вай… Хамӯшам дар табу тоб!
Фақат Тадбир тадбире намояд,
Муаммои ҳаётамро кушояд…

Қадам мезанаду беихтиёр рубобро ба даст мегирад. Мехоҳад навозад, аммо омадани Тамкину Тадбир халал мерасонад. Рубобро ба ҷояш мегузорад. Тамкин дар даст портфел дорад. Маълум аст, ки ӯро Тадбир аз роҳи кор баргардондааст.

Тамкин

Бахайр?!

Латиф

Эй, дӯстам хуш омадӣ ту,
Ғами ҷони маро барҳам задӣ ту!

Тамкин

Ба сӯи кор мерафтам, ки Тадбир
Ба ман гуфт, аз Латифи мо хабар гир,
Гумон кардам, ки ту бетоб ҳастӣ,
Каси танҳо… Ба бистар хоб ҳастӣ.

Тадбир

Бале, хобида буду хестаст ӯ,
Мисоли заъфарон рангаш… бубин ту.

Тамкин

Телефон кардаву гуфтам ба хона,
Хӯроки бар касал бобе расонанд.

Латиф

Ташаккур!.. Шод ман аз илтифотат,
Фурӯзонтар шавад роҳи ҳаётат!
Вале беҳуда ташвише кашидӣ,
Ки корат мондаву ин ҷо расидӣ.

Тамкин

Чаро ин тавр мегӯӣ?

Латиф

Надонам,
Сазовор шудан оё тавонам?!

Тамкин

Латиф, ҳоло чунин гапҳо чӣ даркор?
Ту бар ҳар ҷону бар ҳар дил сазовор!
Тамоми хислату корат писанд аст…

Тадбир (Ба Тамкин)

Бубахш ӯро, табаш андак баланд аст,

Тамкин

Чаро духтур нагуфтӣ?

Латиф

Ман намондам.

Тамкин

Агар ман мешудам, меоварондам,
Маро мебахшӣ, андак кор дорам,
Пас аз як фурсате духтур биёрам!

Латиф

Бародар, тандурустиам бихоҳӣ,
Нагӯ духтур.

Тадбир

Дар ин ҷо ҳаст роҳе…
Раву бар корҳоят нуқта бигзор,
Худи ман мешавам машғули ин кор.
Фақат бегоҳ аз моён хабар гир!

Тамкин

Ту медонӣ…

Латиф

Дуруст аст ин фикри Тадбир,
Ман аз ту бениҳоят шод ҳастам,
Ки бепарво намондӣ…

Тадбир

Мепарастам,
Ки мислат дӯстон бисёр бошанд,
Ба соҳибдардҳо ғамхор бошанд.

Тамкин

Латиф, бигзаштаву ҳатман ту дам гир,
Вагарна мешавам аз ту хавотир.
Пас аз анҷоми кор зуд оям…

Латиф

Ба амри ту итоат менамоям!..

Тамкин табассум мекунаду баромада меравад. Тадбир ӯро мегуселонад. Латиф чанд қадам мемонаду оҳи сабуке кашида, дар курсӣ менишинад. Тадбир бар мегардад.

Тадбир

Бародарҷон, ҳамин аст аввали кор,
Ки бикшояд раҳатро сӯи Гулзор.

Латиф

Магар нотобиамро хостӣ ту?
Чунин кардӣ?

Тадбир

Аҷиб, аз ростӣ, ту
Касал мебошӣ аз ҳаҷри висолаш?
Надорӣ ҳеҷ роҳат бе хаёлаш…
Ба дардат аввалин тадбир кардам,
Ки Тамкинро чунин ҳозир кардам.
Хӯрокат оваранд… Ин амри Тамкин.
Ишорат шуд зи ман. Ором биншин!

Латиф

Агар Тамкин бидонад – ин дурӯғ аст,
Тамоми кӯшишат ҳам бефурӯғ аст!..

Тадбир

Каме макре агар ба ман нагирӣ, –
Ба ин рафтор ҳаргиз зан нагирӣ.
Ту вайро дӯст медорӣ?

Латиф

Ба ҷонам!
Чаро мепурсӣ?

Тадбир

Охир, ман надонам,
Амал накарда, мехоҳӣ ба ҷонат
Насими кӯҳсорон лона монад.
Ту аз ман рашк мебурдӣ, азизам,
Дилам бад бошад, – аз ҷо барнахезам!

Тадбир қадам мезанад. Ба ҳар тараф назари тамошобин хушҳолу бепарво менамояд. Латиф оҳе мекашад ва аз гуфтаи худ пушаймон шуданаш аён аст. Тадбир ин ҳолати Латифро пай мебараду сир намедиҳад…

Латиф

Парешонам… Маро маъзур дорӣ,
Ки аз ту дидам ин сон ғамгусорӣ.
Зи дарди ишқ ман ноком ҳастам,
Сарупобастае дар дом ҳастам.
Ба ту Гулзор ҳоло меҳрубон аст,
Маро аз ин сабаб рашке ба ҷон аст!

Тадбир (Механдад)

Ба хомиат кунун бовар намудам…

Латиф

Худам гуфтам, ки хело хом будам.

Тадбир

Назар кун он тараф!

Латиф

Он ҷо чӣ дидӣ?

Тадбир

Гузар акнун зи баҳри ноумедӣ.

Латиф

Чӣ шуд, охир?

Тадбир

Кушо чашмат калонтар,
Ки меояд ба ин сӯ ёри дилбар…

Латиф бо диққат нигоҳ мекунаду касеро намебинад. Тадбир ҳам ба шубҳа мемонад.

Латиф

Асоси шӯхию ҳазлат шудам ман?

Тадбир

Каме тоқат!

Латиф

Маро муште ба сар зан!
Магар аллондани кас кори мард аст?
Худат медонӣ, дар ҷонам чӣ дард аст!

Тадбир

Ба ҷонам сад қасам… Осуда шав ту,
Худам дидам, ки меомад ба ин сӯ!

Латиф

Кӣ меомад?

Тадбир

Худи Гулзор.

Латиф
Не, не.

Тадбир

Худи вай буд, бовар кун…
Аминам,
Дар ин ҷо бош, то рафта бинам…

Тадбир меравад, Латиф сарашро дошта ба андешаи чуқур ғарқ мешавад. Гулзор бо дастовезе ҳамроҳи Тадбир меояд. Латиф бехабар…

Гулзор (Ба Тадбир)

Ман, охир, нобалад ҳастам ба ин роҳ,
Ки пурсидам ман аз се-чор даргоҳ.
Канӣ марди касал?

Тадбир

Ором, Гулзор,
Шино дорад ба баҳри фикри бисёр…

Чашми Гулзору Латиф ба ҳам бармехӯрад. Латиф саросема мешавад.

Гулзор

Бахайред!

Латиф

Ассалом!

Гулзор

Гуфтанд акоям,
Ки хӯроке баротон пухта оям,
Табаш "чил" гуфтаву таъкид карданд.

Тадбир

Акотон, дар ҳақиқат, некмарданд.

Латиф

Шумо, Гулзорхон, ин сӯ нишинед!
Касал ҳастам…

Тадбир

Бале, рангаш бубинед.

Гулзор (Табассум карда)

Дар ин ҳолат сари по гаштан аз чист?
Ба бистар хоб мекардед…

Тадбир

Дилаш нест.

Гулзор

Магар духтур наомад?

Латиф (Ноилоҷ)

Омаду рафт,
Ду-се пӯписаву дӯғе заду рафт.

Тадбир

Ба бистар хоб буду зад ба ҷонаш,
Сафед аз дору гашт устухонаш…

Гулзор

Рубоб ин ҷост… Андак шубҳа дорам…

Тадбир

Ман овардам. Барам ҷояш гузорам…
Куҷо шуд дорухат?

Латиф

Дар хона мондам.

Гулзор

Чиҳо духтур навишт?

Латиф

Ҳатто нахондам.

Гулзор (Ба Тадбир)

Касалро бурда ба бистар гузоред,
Фақат он дорухатро бар ман оред,
Ки рафта доруҳоро ҳатман биёрам…

Тадбир ва Латиф ба ҳамдигар нигоҳ карда мемонанд. Онҳо аз талаби Гулзор дар ҳолати нотинҷ мондаанд… Гулзор тамоман боварӣ ҳосил мекунад, ки на духтур омадаасту на дорухат ҳаст. Нигоҳашро аз онҳо дур накарда, якзайл табассум карда меистад. Латиф шарм дошта, базӯр гап ёфтанӣ мешавад.

Латиф

Кунун… ба дору ҳам ҳоҷат надорам,

Гулзор

Шумо нотоб не?

Тадбир

Ҳоло сиҳат шуд,
Ба рӯяш ранги нав омад худ аз худ!
Магар бӯи хӯроки пухтагетон
Ба ҷони хастаи ӯ гашт дармон?!

Гулзор

Шумо, Тадбир-ако, бо ҳазли беҷо
Маро зиқ мекунед.

Тадбир

Астағфуруллоҳ..
Магар ман ҳазл кардам?

Гулзор

Рост гуфтед…
Ҳар он чӣ табъатон мехост, гуфтед.

Гулзор аз онҳо рӯй мегардонад. Тадбир ба ишора ба Латиф мефаҳмонад, ки ба Гулзор ягон чиз гӯяд. Аммо вай чӣ гуфтанашро намедонад.

Латиф

Наранҷед!.. Илтимоси дӯстона.
Агар хоҳед – мехобам ба хона.
Наранҷед, хоҳише аз сидқ дорам…

Латиф меравад. Тадбир ҳам дастовези Гулзорро гирифта аз паи Латиф меравад. Рубоб дар саҳна мемонад. Гулзор ба рубоб менигараду сар меҷунбонад…

Гулзор (Худ ба худ)

Аҷоиб шуд. Магар роҳи дигар нест?
Чунин рафтори ноҳамвор аз чист?
Агар ман кӯдаке бошам – нафаҳмам…
Ҳамеояд бар ин ошуфта раҳмам.
Тамоми корубораш хандаовар…
Ба ҷуз касбаш надонад кори дигар.
Сухан аз ишқ гуфтанро надонад,
Чӣ гуна зиндагӣ тавонад?!
Навишт он як рисола, ду рисола, –
Ба Момои ҳаво кораш ҳавола!..

Латифу Тадбир меоянд. Тадбир дорухатеро ба дасти Гулзор медиҳад. Гулзор онро бо диққат аз пеши назар мегузаронад.

Тадбир

Шумо монед, ман рафтам ба дору.

Гулзор (Хандида)

Аҷаб коре… Хати сесола ин-ку!?

Латиф (Саросема)

Наваш Гулзорхон дар кисаи ман…

(Худ ба худ)

Кунун овоза гардад қиссаи ман!

Кисаҳояшро кофтукоб карда, як даста коғаз мебарорад ва аз байни онҳо ҷудо карда, ба Гулзор дароз мекунад. Гулзор онро гирифта, аввал ба Тадбир, баъд ба Латиф менигараду пас ба он коғаз чашм медӯзад. Латифу Тадбир дар болои сӯзан истодагӣ барин менамоянд… Гулзор оҳистаю ором ба хондан сар мекунад.

Гулзор (Мехонад)

Сурудеро ба номи ёр гуфтам,
Нишастам, хестам, такрор гуфтам.
Бибӯсидам ғубори остонаш,
Ки худро "марди шӯҳратёр" гуфтам.
Накардам ҷуръати оям қарибаш,
Чи дилбар шахси пурасрор гуфтам.
Фазоро дар канори худ кашидам,
Саборо соҳиби гулзор гуфтам.
Басо тадбир ҷустам ман дар ин роҳ,
Роҳеро дида: "Миннатдор" гуфтам.
Насими субҳи иқболам латиф аст,
Ба тамкин хешро "бемор" гуфтам.
Саборо соҳиби гулзор гуфтам,
Сурудеро ба номи ёр гуфтам!..

Гулзор сар аз хондан мебарораду боз ба як нуқтае назар дӯхта, ба хаёл фурӯ меравад. Ба Тадбиру Латиф эътибор намедиҳад. Маълум аст, ки вай ботинан шод, аммо худро ранҷондагӣ вонамуд мекунад. Тадбир ба тарафи Латиф чашмакӣ мезанад. Аммо Латиф дар тарсу воҳима аст…

Тадбир

Рубобатро навоз, эй марди "нотоб",
Ки то ҷону дили моро кунад об!

Латиф беҷуръатона рубобро мегираду ба як нуқтаи номаълум нигоҳ карда, менавозаду месарояд. Гулзор дар ҳолати аввала мемонад. Фақат гоҳ-гоҳ пинҳонӣ ба Латиф менигараду оҳ мекашад…

Латиф (Месарояд)

На ҳама аз дилу аз ҷон огоҳ,
На ҳама аз ғами ҷонон огоҳ!..
Пардаи шаб бидарад субҳи висол,
Субҳи нав аз шаби ҳиҷрон огоҳ.
Аз дили санги ту меҷӯям ганҷ,
Магар аз ин ту начандон огоҳ?
Созу сӯзе шунав аз тори рубоб,
Ки аз он ошиқи ҳайрон огоҳ…
На ҳама аз дилу аз ҷон огоҳ,
На ҳама аз ғами ҷонон огоҳ!..

Тадбир

Чунин созу чунин сӯзи ҷавонӣ!
Шавад, шояд насиби зиндагонӣ…

Гулзор (Зоҳиран ҷиддӣ)

Зи "нотоби"-атон ман ғусса хӯрдам…
Ташаккур!.. Бениҳоят баҳра бурдам.

Латиф

Фақат ин буд дарди бедавоям,
Дигар амри Шумо!.. Иҷро намоям.
Агар гӯед, ки "Рав ба ҷаҳаннам!"
Шитобон меравам бо табъи хуррам.
Агар гӯед, ки "Ҷонат ба ман деҳ!"
Диҳам онро, барои ман ҳамин беҳ.
Агар гӯед, ки "Ту фитна ангез!"
Чунин кори бадеро мекунам низ.
Валекин фитна ангезам ба душман,
Миёни дӯстон? – Қодир наям ман!

Гулзор (Бо рамз)

Шумо хело саховатманд ҳастед!

Тадбир

Бале! Ин гуна одамро парастед!

Гулзор (Гӯё оташин)

Маро бозичае пиндошт афлок,
Ки мегӯед ҳарфи поку нопок?..

Латиф (Бо ҳиссиёт)

Тамомаш пок, эй рӯҳи муқаддас!

Тадбир

Тамомаш пок, оре!

Гулзор

Ҳарза ҳам бас!
Акоям ҳозир ояд рӯ ба рӯям,
Чӣ гапҳои дуруштеро нагӯям…

(Беихтиёр табассум мекунад)

Сарам сих монд… Охир ин чӣ ҳол аст?!

Тадбир (Қаноатманд)

Фақат пайғом аз субҳи висол аст!!!

Латиф қаноатманд. Гулзор ботинан қаноатманд. Тадбир дар мобайн истода, дасти Латифу Гулзорро баланд мебардорад…





« Бозгашт | МУНДАРИҶА