Файзулло Ансорӣ
(1931-1980)

Тори илҳом -

ДИЛИ ВАТАН



Солҳо шуд, ки даруни дили ман ҷо дорӣ,
Дили ман низ дар оғӯши ту маъво дорад...
Москва, ҳар нафасе равнақи аъло дорӣ,
Ки вуҷудам ҳама чашм асту тамошо дорад.

Ана, имрӯз ман аз кӯчаву аз растаи ту
Бо камоли фараҳу шавқ қадам мемонам.
Оҳ, дар синаи ин тоҷики дилбастаи ту
Он қадар меҳри бузургест, қасам бар ҷонам.

Борҳо омадаам сӯи ту парвозкунон,
Борҳо омадаам, то ки бубинам рӯят.
Боз бар манзили худ рафтаму гаштам пазмон
Ба ту, бар кӯчаву бар растаи бас некӯят.

Тоҷикон – ҳар кӣ ҷавонмарду диловар бошад
"Дили чун кӯҳ бузургест варо" – мегӯянд.
Лек баҳри Ватане хоки вай аз зар бошад,
Дили арзандаву бебок туро мегӯянд.

Бо муҳаббат бинамоям ба шукӯҳи ту назар,
Ҷоми дил мешавад аз фахру таманно саршор.
Москва, эй дили беғаш, дили поки кишвар,
Баҳри ин мулки тавоно ту барин дил даркор!
Москва, декабри 1960





МУНДАРИҶА | Идома »