Файзулло Ансорӣ
(1931-1980)

Шеърҳо -

ПАРВОЗИ ГАГАРИН

Ба 15-солагии парвози инсон ба коинот

Умри инсон дар гузар дарё барин,
Лек одам бехабар монад мудом.
Умри инсон дар гузар дарё барин,
Вақтро бояд намоем эҳтиром.

Дина, гӯё дина буд он рӯзи хуш,
Ки ҷаҳон дар ғулғул омад ногаҳон.
Халқи олам гашт сар то пой гӯш,
То шунид аз Москва фатҳи замон.

Зодаи халқи советӣ, коммунист,
Бо шуҷоат роҳи кайҳонро кушод.
Зодаи халқи советӣ, коммунист,
Пардаи асрори пинҳонро кушод.

Дафтари таърих дар асри замин
Аз чунин мардонагӣ бобе надошт.
Шуд Гагарини диловар аввалин
Қаҳрамон, ки пой бар кайҳон гузошт.

Мамлакат он рӯзро хуб ид кард,
Ҳар тараф овоза шуд, овоза шуд.
Номи худро паҳлавон ҷовид кард,
Баҳри дилҳои ҷавонӣ тоза шуд.

Ёд дорам, дар сафи номоварон
Ман Гагаринро тамошо кардаам.
Дар худи Маскав, ҳамон шаҳри калон,
Назди минбар дастагул овардаам.

Шаҳри Маскав дар ҳамон рӯзи саид
Буд користони бемислу назир.
Шаҳри Маскав дар ҳамон рӯзи саид
Буд хуррам аз нигоҳи он далер.

Халқ марши ғолибият месуруд,
Сурати кайҳоннавард болои дил.
Ҷои сӯзан дар ҳамон соат набуд,
Ман худам шоҳид будам, дил кафил.

Бори аввал дар ҳаёти хеш ман
Кардам аз Майдони Сурх он дам гузар.
Бар Гагарин тоҷикӣ гуфтам сухан:
"Нури дида, нури дида, тоҷи сар..."

Ҳар қадар нафшурдаам дасти варо,
Лек дар ҷонам тасаввур кардаам.
Оҳ, медидед он соат маро,
Ки чӣ сон худро баҳодур кардаам.

То кунун дорам ба ҷонам ҳиссиёт,
Бурда будам ман дуруди Вахшро.
Бар нахустин қаҳрамони коинот
Тӯҳфа кардам ман суруди Вахшро.

Дар замини пурсаховат қаҳрамон
Мешавад тавлиду мемонад мудом.
Вай намирад, вай бимонад ҷовидон,
Роҳи умри ӯст доим бардавом.


« Бозгашт | МУНДАРИҶА | Идома »