Файзулло Ансорӣ
(1931-1980)

Шеърҳо -

НЕК МЕБИНАМ БА ҲАР ҶО ФОЛИ ХУД



Мавҷи дарёи бақост илҳоми дил,
Дил гирифт аз чашмасорон номи дил,
Ман зи бахтам меситонам коми дил,
То сурайё мебарам пайғоми дил.

Ончунон хурсанду миннатдор ман,
Дар бағал дорад дилам меҳри Ватан.

Кишварам табъи дили фарзона аст,
Хубтар аз ҷаннати афсона аст.
Гашта пур аз шавқи дил паймона аст,
Ҳиммати мардони мо мардона аст.

Ончунон хурсанду миннатдор ман,
Дар бағал дорад дилам меҳри Ватан.

Месароям ман зи истиқболи худ,
Аз ҳаёти неки худ, иқболи худ.
Дидаам аз Партия хуш ҳоли худ,
Нек мебинам ба ҳар ҷо фоли худ.

Ончунон хурсанду миннатдор ман,
Дар бағал дорад дилам меҳри Ватан.


« Бозгашт | МУНДАРИҶА | Идома »