Файзулло Ансорӣ
(1931-1980)

Шеърҳо -

АЗ ВУҶУДИ ИШҚ МЕФАХРЕМ МО



Субҳи навро мо баҳорӣ мекунем,
Баҳри фардо хуб коре мекунем.
Аз вуҷуди ишқ мефахрем мо,
Аз бақояш ифтихоре мекунем.

Чун фидокори Ватан ҳастем мо,
Бар шукӯҳи давр дил бастем мо!

Офаринҳо бод бар айёми нав,
Ки расонад ҳар саҳар пайғоми нав.
Рӯзгори неки мардум нек бод, –
Халқамон додаст бар он номи нав.

Чун фидокори Ватан ҳастем мо,
Бар шукӯҳи давр дил бастем мо!

Сарвати имрӯзу фардо – Моҳ шуд,
Кишвари моён тамошогоҳ шуд.
Шодию ободии моро бубин,
Ки зи рози субҳи нав огоҳ шуд!

Чун фидокори Ватан ҳастем мо,
Бар шукӯҳи давр дил бастем мо!


« Бозгашт | МУНДАРИҶА | Идома »