Файзулло Ансорӣ
(1931-1980)

Шеърҳо -

РАҲИ МО ҶОНИБИ ХУРШЕД БОШАД



Ватан дорам, ки онро дӯст дорам,
Шукӯҳи ин замонро дӯст дорам.
Бақои дӯстиро ман парастам,
Сафои ин ҷаҳонро дӯст дорам.

Даруни синаам уммед бошад,
Раҳи ман ҷониби хуршед бошад.

Диёрам – Тоҷикистонам азиз аст,
Баҳораш дар дилу ҷонам азиз аст.
Суруди беғаши дарёи кӯҳӣ
Ба ҳар тоҷик, медонам, азиз аст.

Даруни синаам уммед бошад,
Раҳи ман ҷониби хуршед бошад.

Ба коммунизм моён раҳ гирифтем,
Раҳи фирӯзи дил огаҳ гирифтем.
Саодатхоҳу хуррамдил касонем,
Ки аз домони поки Маҳ гирифтем.

Даруни синаҳо уммед бошад,
Раҳи мо ҷониби хуршед бошад.


« Бозгашт | МУНДАРИҶА | Идома »